Аз 5 январ реҷаи маҳдуди рӯзонаи истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар минтақаҳои Тоҷикистон бекор ва интиқоли барқ боз 5 соати дигар зиёд карда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, мувофиқи реҷаи нав аҳолии минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз соати 05:00 то 22:00 бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ муддати 12 соат - субҳ аз соати 05:00 то 11:00 ва шомгоҳон аз соати 16:00 то 22:00 нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Ҳамин тариқ, аз рӯзи 5 январ сокинони минтақаҳо дар як шабонарӯз ба ҷойи 12 соати имрӯза муддати 17 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳоро дар ширкати «Барқи тоҷик» ба мавриди истифода қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва ҳамчунин захираи кофии об дар обанбори Норак нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати «Барқи Тоҷик» аз муштариён хоҳиш мекунад, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро саривақт пардохт намоянд.

Ёдрас мекунем, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон расман аз 1 ноябри соли равон ҷорӣ гардида, он танҳо ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ дахл надошт. Нимаи моҳи декабр баъди ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» лимит нахуст 4 соат зиёдтар шуда буд.