Шурӯъ аз соли 2009 санаи 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ карда шуд.

1/20

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Ҳамин сол рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ парчами дарозиаш беш аз 2 ҳазор метр, паҳноиаш 7 метр ва вазни умумиаш 860 кило аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузаронида шуд.