АНОНС

- Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад;

- Дар шаҳри Тайбеи Чин мусобиқаи Чемпионати навбатии Осиё оид ба футузал оғоз мегардад, ки тими Тоҷикистон низ дар он ширкат меварзад. Бозии нахустини дастаи Тоҷикистон бо тими Япония соати 16:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад;

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:

- Раҳбарияти Донишкадаи давлатии забон - оғоз соати 10:00 дар бинои Донишкада;

- Кумитаи идораи замин ва геодезияи ҶТ - оғоз соати 11:00 дар бинои Кумита;

- Суди олии Тоҷикистон - оғоз соати 14:00 дар бинои Суди олӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8248 сомонӣ;

1 евро – 10.9913 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1570 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1993 – Ифтитоҳи намояндагии СММ дар Душанбе.

1998 – Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст намояндагони мухолифин шомил гардиданд.

1999 – Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Дарвоз ба истифода дода шуд.

2010 – Дар Тоҷикистон шиносномаҳои биометрӣ ҷорӣ гардиданд.

2013 — Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирамиро ба муомилот баровард.

1930 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев.

1930 – Мавлуди олими забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадиброҳим Норматов.

1938 – Зодрӯзи журналист Турғун Дадабоев.

1950 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актриса Хадича Абуалимова.

1952 – Зодрӯзи Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, собиқ раиси шаҳри Душанбе.

1953 – Мавлуди журналист Давлаталӣ Раҳмоналиев.

1962 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Ватанов, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, туман. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +5+7.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон барф меборад.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0+2.