Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд изҳор доштааст, ки ба зудӣ дар наздикии гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳад кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Наврӯз Валиев, раиси намояндагии БМТ гуфтааст, "ба ташкилотҳои қарзии вилоят супориш медиҳем, ки дар назди гузаргоҳҳои марзӣ марказҳои хидматрасонӣ боз кунанд".

Вай иқрор шудааст, ки шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба далели набудани саррофиҳо (нуқтаҳои мубодилаи асъор) маҷбур мешаванд, пулҳои худро дар "бозори сиёҳ" иваз кунанд. Дар рӯзҳои истироҳати ҳафта вақте бонку ташкилотҳои қарзӣ кор намекунанд, мубодилаи асъор ҳатто дар шаҳри Хуҷанд ҳам мушкил аст.

​"Бояд ҳамаи марказҳои хидматрасонии ташкилоти қарздиҳӣ на то соати 5, балки то 10 -11-и шаб кор кунанд. Ба ҷуз ин, дари онҳо дар шаҳри Хуҷанд ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои дигар низ бояд 24 соат боз бошад", - илова кардааст Валиев.

Ёдрас мешавад, ки аз соли 2015 ба ин сӯ Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусиро пурра манъ кард ва ҳаққи мубодилаи асъори хориҷиро ба бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ дод.

Бо пешниҳоди БМТ барои муомилоти ғайриқонунии асъор ҷазои ҳабс аз 4 то 9 сол ва ҷарима аз 1270 то 1640 нишондиҳаи ҳадди ақал (як нишондиҳанда баробари 50 сомонӣ) таъин гардидааст.