Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд, ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Конибодом бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2018 аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, бо сифати баланд ва намои назаррабо сохта шуд. Фармоишгари он Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки  лоиҳаи ишооти мазкурро Корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и  вилояти Суғд таҳия кардааст. Барои сохтмони он тақрибан 8 миллион сомонӣ  харҷ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки масоҳати боғи фарҳангӣ – фароғатӣ 9 ҳазору 500 метри мураббаъ буда,  дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 7,5 метр сохта шудааст.

1/16

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуд.

Сутунпояи  Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 43 метр бунёд гардида, ин макон ба ҷойи назаррабо ва мавзеъи сайру гашти дилписанди сокинон табдил ёфт.

Парчами давлатӣ  7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.  Дар гирду атрофи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, назди Маҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои шукуфон шинонида шудааст.

Ҳамзамон дар атрофи боғ ва сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда  насб гардида, чароғон кунонида шудааст.