Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” рӯзи 28 июл парвоз бо хатсайри Душанбе – Самарқандро анҷом дод. Дар ин парвоз бо ҳавопаймои Boeing 737–300 аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд 144 нафар мусофирон, аз ҷумла хабарнигорони “Азия-Плюс” низ ҳузур доштанд.

Гузориши навори видеои кӯтоҳ ва аксҳоро аз ин сафар манзуратон мегардонем.

1/20

Сафар ба Самарқанд ошноӣ бо шаҳри қадима аст. Ҳар касе аз сафар дар майдони Регистон ва дигар ёдгориҳои таърихӣ тассуроти ҷолиб бо худ мебарад. Собиқ пойтахти империяи бузурги Темуриёнро меъморони беҳтарин аз саросари дунё сохтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.