Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот натиҷаҳои муваффақонаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ-ро дар шаҳри Душанбе боз як имконияти дигари таҳкимбахши ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд.

Аз рушди бемайлони муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама сатҳу зинаҳо ва заминаҳои созгори ҳуқуқии онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва доир ба дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат бахусус саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва робитаҳои илмию фарҳангӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Аз рушди бемайлони муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама сатҳу зинаҳо ва заминаҳои созгори ҳуқуқии онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва доир ба дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат бахусус саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва робитаҳои илмию фарҳангӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Дар доираи сафари Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ӯ ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро  ба кор андохтанд.

Ба сарони кишварҳо иттилоъ дода шуд, ки дар давоми 4 моҳи фаъолият дар ин корхона 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус 82.1" 48 адад, ядакҳо 29 адад, испор 113 адад, сихмола 2 адад, тойбанд 16 адад ва заҳрпошак 2 адад васлу насб карда шуд.

Гуфта мешавад, инак бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» иқтидори пурраи он дар як рӯз ба 6 трактори гуногунтамға баробар гардид. Таъкид карда шуд, ки аз ин пас мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон аст дар ин корхона дар як сол беш аз 1700 трактори гуногунтамға васлу насб карда шавад. Истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ аз ҷумла ядак (прицеп) ба 2600 адад баробар гардид.

Сипас сарони дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" аз наздик ошноӣ пайдо намуда, аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан ва бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.

Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла "Ҳусайнии сиёҳу сафед", "Ғалаба", "Шоҳона", "Пешпазак", "Кишмиши сиёҳу сафед" парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар дорад.

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст. Айни ҳол хоҷагӣ 4 ҳазор сар чорвои хурд ва бештар аз 100 сар чорвои калони шохдорро дар ихтиёр дорад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» шиносоӣ пайдо намуда, зимни боздид аз ангурбоғи ин хоҷагӣ ба усули парвариши ин навъи меваи хуштаъм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва барои роҳандозии ҳамкориҳо дар ин самт, махсусан бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус таъкид карда шуд.

Дар назди хоҷагӣ ҳамзамон сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бо мақсади захираи маҳсулот бунёд гардидааст, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад. Таҷҳизоти сардхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид ва барои бо сифати баланд нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ аст.

1/12

Гуфта мешавад, баъди иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтироми баланд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.