ТАСС аксҳои беҳтарини соли 2018-ро интихоб кард

Ба маҷмӯаи интихобшуда сурати аксбардори шинохтаи тоҷик, суратгири хабаргузории “Азия-Плюс” Нозим Қаландаров низ шомил гардидааст.

Сурати мазкур санаи 10 ноябри соли 2018 дар ҷараёни фестивали “Оши палав” дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Фирдавсӣ дар Душанбе гирифта шудааст.

Дар шарҳи роҳандозии лоиҳаи махсуси “Кадрҳои асосии соли 2018 (Главные кадры 2018) муовини сардабири ТАСС Григорий Дукор таъкид доштааст, ки ҳама гуна хабаргузории бонуфуз мудом аз фаъолияти солонаи худ натиҷагирӣ мекунад, аз ҷумла дар бахши аксбардорӣ низ.

Ӯ суратҳои аз ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол гирифтаро, ки соли 2018 дар Русия доир гардид, аз комёбиҳои бахши аксбардории хабаргузорӣ унвон кардааст. “Акси беҳтарин онест, ки бидуни матн метвавонад рӯйдодро бозгӯ намояд ва лоиҳаи махсус маҳз аз чунин суратҳои хабарнигорони ТАСС иборат аст”, - гуфтааст Дукор.

Дар суратҳои ба лоиҳаи махсус воридшуда лаҳзаҳои муҳимтарини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, дигар рӯйдодҳои муҳими соли 2018, ҳамчунин лаҳзаҳои ҷолиб аз ҳаёти рӯзмарра инъикос ёфтаанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.