Зиёда аз як сол мешавад, ки як қисм кӯчаву хиёбонҳои Душанбешаҳрро истгоҳҳои наву замонавӣ зеб медиҳанд.

Истгоҳҳои нави Душанбе дар баробари ҳолати хуб доштанашон, боз як қисмашон дар дохили худ мағоза доранд. Мағоза доштану фаъолият кардани онҳо боис мегардад, ки дар пойтахт чандин нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ бошанд ва ҳоҷату заруриятҳои сокинони шаҳрро таъмин кунанд. Яъне метавон гуфт, ки аз ҳар ҷиҳат, ҳам барои ободию гулгулшукуфоии шаҳри Душанбе ва ҳам барои мардум будану кор кардани чунин мағозаҳо аз фоида холӣ нест.

Вале чандест, ки аз фаъолият бозмондани мағозаҳои истгоҳҳои “Боғи устод Рӯдакӣ”, “Домпечат”, “Сафина”, “Иттифоқи нависандагон”, ва “Маркази савдои “Тоҷикистон” ба назар мерасад.

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар истгоҳҳои “Наврӯзгоҳ” ва “Боғи Хайём”, ки соли ҷорӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд, то ҳол мағозаҳояш ба кор оғоз накардаанд.

Доир ба ин масъала намояндаи шаҳрдорӣ ба мо гуфтанд: “Мағозаҳои истгоҳҳо ҳоло аз комиссияи қабул нагузаштаанд ва барои ҳамин аз фаъолият бозмонда шуданд”

Ба фикри мо дар истгоҳҳое ба мисли истгоҳҳои замонавии шаҳри Душанбе кор накардани мағозаҳо ҳам бар зарари ҷомеа ва ҳам бар зарари Душанбе аст:

Бар зарари ҷомеа: ҷойи корӣ, таъминкунандаи рӯзгори як ё якчанд оила аз истифода бозмондааст. Дар маконҳои серодам ва муҳим, ки аксарият он ҷойгиранд, ниёзи мардум бароварда намешавад.

Бар зарари Душанбе: Ҳусни истгоҳ коста аст. Як сокини шаҳр ё нафари хориҷӣ фикр мекунад, ки мақомоти шаҳрдорӣ аз уҳдаи истифодаи пурсамари мағозаҳои истгоҳҳо намебарояд.  

1/6

Ба ин маънӣ Маҳмадулло Маҳмадёров, донишҷӯйи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов гуфт: “Ман ҳам аз фаъолият накардани як қисм мағозаҳои истгоҳҳои пойтахт нороҳатам. Масалан, истгоҳи “Боғи Хайём”, ки аз сохтанаш чанд моҳ гузаштааст ҳоло ҳам мағозааш ба кор шурӯъ накардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳар бегоҳу шом мардуми хеле зиёд барои тамошои “Боғи Хайём” меоянд. Маълум аст, ки мардум ба мағоза ниёз доранд, аммо бинобар сабаби фаъолият накардани он,  мардум аз занону духтароне, ки аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ пинҳонӣ дар халтаҳои дасташон ҳар гуна чиз мефурӯшанд ,харидорӣ мекунанд”.

Яъне бешак метавон гуфт, ки фаъолият кардани мағозаҳо метавонад фурӯши дастӣ ва сарироҳиро аз миён бардорад, аммо ба ин минвол чунин савдоҳо дар ҳоли афзоиш аст.

Маҳмадулло Маҳмадёров илова кард: “Маълум аст, ки аксарияти донишҷӯён ба кор ва пул зиёд эҳтиёҷ доранд, бисёр хуб мешуд, агар савдогарони мағозаҳои истгоҳҳоро аз ҳисоби донишҷӯён қабул кунанд. Шахсан худи ман омада ҳастам, ки ҳамин мағозаи истгоҳи “Боғи Хайём”-ро гирифта кор кунам”.

Бояд қайд кард, дар вақти фаъолият кардани мағозаҳои истгоҳҳо ба мушоҳида мерасид, ки нарху наво дар онҳо нисбатан гӯшнофорам буданд ва дар ин баробар шикояту норозигии баъзе сокинонро дидану шунидан мумкин буд.

Ба андешаи сокини пойтахт Хуршед Мавлонӣ, кор кардани мағозаҳои истгоҳҳои пойтахт муфид ва хуб аст, чун шаҳрвандон метавонанд, ки баъзе ниёзҳои худро бе сарсонии зиёдатӣ ба даст оранд: “Вале дар ин самт як мушкилии ҷиддие вуҷуд дорад. Аз чи бошад, ки назар ба дигар марказҳои фурӯш дар мағозаҳои мазкур нарху наво қимматанд. Одитарин чизҳо нархашон фарқ мекунад. Барои мардум танҳо фаъолият кардани мағозаҳои истгоҳҳо басанда нест, балки бояд дар онҳо нархҳо ҳам танзим шуда, дастраси ҳамагон бошанд”.

Агар ба ин масъала аз нигоҳи Хуршед Мавлонӣ назар кунем маълум мегардад, ки нархҳо дар чунин мағозаҳо баланд буда, бешубҳа метавон гуфт, ки ҳамеша дар чунин маконҳо нархҳо “осмонӣ”-янд.