Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, даромадан ба он пулакӣ шуд.

Барои ворид шудан ба боғи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷии синни аз 14 то 70-сола 2 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд.

Воридшавӣ ба кӯдакони синни то 7-сола ва шахсони синни аз 70-сола боло бепул аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маъмурияти Боғи ба номи Фирдавсӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, воридшавӣ ба бог барои ятимон, маъюбон, сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бепул аст.

“Аттраксионҳо ба иҷора дода шуда, моликони онҳо дар мувофиқа бо маъмурияти боғ нархҳои худро мегузоранд, ки тез-тез вобаста ба талабот, болову поин мераванд”, - иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон ба ҳисоби миёна 2,5 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пйтахт ба тамошои боғ меоянд ва дар рӯзҳои истироҳат ин рақам ду баробар меафзояд.

Аз моҳи ноябри соли 2017 барои ворид шудани ба боғи таъмиру навсозишудаи ба номи Садриддин Айнӣ низ чунин тартибот ҷорӣ шудааст.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки пас аз моҳи сентябри соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангу фароғати ба номи Хайём (қаблан боғи Пойтахт) воридшавӣ ба он низ пулакӣ шуд. Дар он ҷо низ тамошобинон барои даромадан ба боғ 2 сомонӣ маблағ пардохт намуда, истифода аз ҳар як аттраксион нархи худро дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.