Дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ” (Лоиҳа), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ мегардада, тавассути Филиали Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад ва инчунин бо мусоидати Маркази таълими калонсолон дар ноҳияи Айнӣ, як маркази касбомӯзии нав дар маркази ноҳия таъсис дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии маркази касбомӯзии мазкур муовини раиси ноҳия Зокирзода Гулсара, сардори шӯъбаи иқтисод ва савдо Бобоҷонов Шодиқул ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ва инчунин васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
“Бисёр ҷавонон аз набудани корҳои сердаромад дар кишвар шикоят карда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аммо дар асл сабаби асосӣ надоштани ягон касбу ҳунар аст. Боварӣ дорам, ки ин маркази касбомӯзӣ дар беҳтар кардани сатҳи зиндагии ҷавонон, алалхусус шахсони дорои маъюбият (ШДМ), ки дорои қобилиятҳои зиёди кории нуҳуфта мебошанд, нақши муҳим хоҳад бозид”, гуфт Бобоҷонов Шодиқул.
Айни замон 30 нафар ШДМ аз тамоми ноҳия ба касбомӯзии ройгон аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ ва ошпазӣ-қаннодӣ ҷалб гардидаанд. Баъд аз хатми ин курсҳо, ки ҳар кадоме се моҳ давом меёбад, хатмкунандагон бо шаҳодатномаҳои тасдиқнамудаи Маркази таълими калонсолон дар ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида мешаванд. Шаҳодатномаҳои мазкур ба ШДМ имконият медиҳанд, ки онҳо соҳиби кори хуб шуда, зиндагии худро мустақилона пеш баранд.
Маркази касбомӯзӣ аз 3 ҳуҷра иборат буда, яке ҳамчун толори омӯзишӣ барои дарсҳои назариявӣ, дигаре ҳамчун ошхона барои дарсҳои амалии ошпазӣ-қаннодӣ ва сеюмин барои дарсҳои амалии дӯзандагӣ истифода мешавад. Дар доираи Лоиҳа тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои ин маркази касбомӯзӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, дарзмол, яхдон, плиткаи барқӣ, тафдон ва ғайраҳо таъмин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ мегардад, аз моҳи январи соли соли 2018 ин ҷониб фаъолият мекунад ва ҳадафи он беҳтар кардани дастрасии шахсони дорои маъюбият, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар ноҳияи Айнӣ мебошад.
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста