Ҳамчунин пиронсолон хизматрасониҳои маишӣ, тавонбахшӣ, равонӣ, омӯзишӣ - педагогӣ ва ҳуқуқиро пешниҳод менамоняд. 

Пиронсолони шаҳри Хоруғ  аз партовҳои гулу гулдон месозанд ва ба ҷавонон касб меомӯзанд.

Маркази будубоши рӯзона барои пиронсолону маъюбон ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта  дар дар шаҳри Хоруғ моҳи майи соли равон бо дастгирии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъияти “Мушкилкушо” ифтитоҳ шудааст.

Марказ фарогири 35 нафар пиронсолон буда, онҳо дар як ҳафта панҷ рӯз хизматрасониҳои иҷтимоию маишӣ, тавонбахшӣ, равонӣ, омӯзишӣ - педагогӣ ва ҳуқуқиро пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин пиронсолон аз партовҳои гуногун ашёи рӯзгор, аз ҷумла, гул ва гулдонҳои ҳархела месозанд.

“Дар риштаи касбомӯзӣ мо маҳсулотеро ҷамъоварӣ мекунем, ки асосан дар берун ё партовгоҳҳо партофта шудаанд. Қисми зиёди молу маҳсулот аз зарфҳои пластикӣ, шишагӣ, ҷӯробу матоъҳо ва рӯймолҳои кӯҳнаю фарсуда омода мешавад. Масалан, аз ҷилди чархи мошин пиронсолонамон гулдонҳои гуногуншакл барои сари роҳ месозанд ва ба чунин маҳсулот талабот зиёд аст”, - мегӯяд Элчай Мародбекова, роҳбари “Мушкилкушо” ва марказ.


Таҳмина Ҳасанова, яке аз бонувони фаъоли марказ, ки ба пиронсолон сохтани ҳар гуна ашёву савғотиҳоро меомӯзонад гуфт, онҳо бештар маҳсулоташонро дар намоишгоҳҳо мефурӯшанд.

“Маҳсулоти моро  дар намоишгоҳҳои ҷашнӣ сайёҳони ватанию хориҷӣ мехаранд. Алҳол бештар шаҳрвандони кишвар. Дар пеш  ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аст ва бовар дорем боз ҳам молҳои зиёд мефурушем” – мегӯяд ӯ.

Нозукмо Ниёзбекова, аъзои дигари марказ, пеш аз ба нафақа баромадан ба сифати ҳамшираи шафқат дар касалхонаи вилоятӣ кор мекард ва давоми кору фаъолияти пурбаракаташ ба  чандин беморону ниёзмандони вилоят хизмат кардааст. Ҳоло мавсуф дар баробари дигар пиронсолон дар марказ ба омода намудани ҷаъбаҳои (шкатулка) гуногун ҷалб гардида, давоми рӯзҳои корӣ даҳҳо савғотиҳоро омода мекунад.


“Аз рӯзи аввали кушодашавии марказ вақти банда бисёр хушу максаднок мегузарад. Ба синну сол нигоҳ накарда, давоми рӯз иловатан бисёр чизҳои навро ёд мегирам. Мехоҳам минбаъд низ фаъолиятамро дар амал нишон диҳам ва бояд гуфт, ки дар ин кор саҳми омӯзгоронамон бағоят бузург аст”, - мегӯяд холаи Нозукмо.

Ширинмоҳ Дарвешова дар гузашта дар идораи ширкати сохтмонии маҳаллии “Шарифстрой” дар вазифаи сармуҳосиб кор кардааст ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияташ дар ширкат дароз давом накарду ниҳоят вақти нафақагирияш омада расид. Холаи Ширинмоҳ ҳоло воқеан яке аз модаронест, ки даҳ ангушташ ҳунар.


“Аслан ростгӯиро меписандам. Худам қаблан танҳо бештар ба корҳои сохмонӣ амсоли рангуборкунии хонаҳо машғул будам. Аммо бофтану омода кардани ҳаргуна маҳсулотро  маҳз дар ин марказ азхуд кардам ва мехоҳам ба наберагонам ҳам ин ҳунарро омӯзонам. Феълан дар марказ чунин шароиту имкониятҳое дорем, ки ҳамаи моро қонеъ мекунанд” – афзуд ӯ.

Элчай Мародбекова  мегӯяд дар намоишгоҳҳои вилоятӣ маҳсулоти наву ғайриоддӣ пешниҳод мекунанд, ки назири он ҳоло ҳам дар вилоят нест. Ҳамзамон, дар марказ ҳунарҳое омӯхта мешаванд, ки каблан ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанду маҳз ба туфайли “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз нав эҳё гаштанд.

1/19

 “Аз ҷумла бо гузашти замон ҳунари сабадбофӣ феълан қариб дар ягон ҷамоату деҳоти дурдасти ноҳияҳои вилоят дида намешавад. Вале дар марказ ин ҳунарро асосан мардони пиронсол эҳё карданд. Ғайр аз ин, дар марказ маҳфилҳои бозиҳои рӯимизию ақлонӣ аз қабили шоҳмоту шатранҷбозӣ мегузаранд”, - гуфт Мародбекова.

Мародбекова қайд кард, ки ин пиронсолон ба ояндаи ҷавонон бетараф нестанд ва дар баробари маслиҳатҳо мизҳои мудаввар ташкил мекунанд.

“Ба андешаи аксарият, ин табақа, бояд танҳо ба нигоҳубини наберагон ё дигар корҳои хона ҷалб шаванду аз дигар машғулиятҳо ва касбомӯзӣ дар канор монанд. Марказро ба он хотир кушодем, то пиронсолону ниёзмандон дар он бо ҳам омада, муошират кунанд ва навигариҳоро бисозанд. Бо назардошти оне, ки калонсолон таҷрибаи бойи зиндагӣ доранду аз кулли нозукиҳои ҳаёт воқифанд, ба ҷавонон насиҳатҳою маслиҳатҳои муфид пешниҳод мекунанд ва дар ин росто албатта, пешравиҳо низ дорем” – зикр намуд Э. Муродбекова.

Мавод дар доираи барномаи «Рузноманигорони мардумӣ», ки бо дастгирии  Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна - CAMP амалӣ мешавад, омода шудааст.