Дар мавзеи шаҳри қадимии Карон таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол,  то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо истинод ба гуфтаҳои академик Юсуфшоҳи  Яқубшоҳ, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ, дар вайронаҳои расадхона маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд.

Расадхона дар Карон
Сурат: Академияи илмҳои ҶТ

“Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд, ки шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд, - иброз доштааст академик. - Кай пайдо шуданд ва то кай фаъолият кардани ин расадхона то ҳол маълум нест, таҳқиқотҳо дар ин самт идома доранд”.

Юсуфшоҳи  Яқубшоҳ гуфтааст дар солҳое, ки шоҳ дар ин Қалъа зиндагӣ мекард ин расадхона амал мекард.

Ба гуфтаи ин бостоншиноси тоҷик корҳои кофтукобӣ дар Қалъаи Карон имсол ба поён расида, дар назар аст он соли оянда идома пайдо кунад.

Гуфта мешавад, қаблан бостоншиносони тоҷик, аз қалъаи қадимаи Карон се иншооти муҳим-бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об пайдо карда буданд.

Шаҳри бостонии Карон, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз тақрибан, 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёни бостонӣ рост меояд.

Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро   ба худ ҷалб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.