Дар ин гӯшаи фароғатӣ манораи  машҳури “Эйфел”, яке аз бузургтарин осорхонаҳои дунё “Лувр”, муҷассамаи ҷонварони нодир ва хонаҳои бо тарҳи фаронсавӣ бунёдшударо тамошо карда метавонед.

Рӯзи истироҳат бо дӯстон ба сайри Кӯлоб рафтем. Зимнан дар Боғи марказии фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадониро гаштугузор кардем. Симои он назар ба се соли пеш, ки ба ин шаҳр сафар карда будам, айни замон хеле тағйир ёфтааст. Навгонии аз ҳама ҷолибу шавқовар барои ману дӯстонам гӯшаи “Сайри Фаронса” буд.

1/7