Шаҳзода Султонбоева аз Тоҷикистон дар озмуни зебоӣ барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ намояндагӣ кард. Озмун дар шаҳри Челябинск баргузор шуд. Дар он 12 духтар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Украина ва Русия ширкат варзиданд.

Рӯзи 15-уми сентябр даври финалии озмуни ҳамасолаи умумирусиягии хайрия барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ “Барои пирӯзӣ таваллудшудагон!” доир гардид, ки дар он духтарони маъюб аз 5 кишвар ва гӯшаву канори Русия гирд омаданд.

Иштирокчиёни озмун
Акс аз бойгонии шахсӣ

Ин духтарон собит карданд, ки барои онҳо ҳеҷ чизи ғайриимкон вуҷуд надорад. Шаҳзода Муминова бо либоси миллии тоҷикии "Чакан" рақсид.

Омодагӣ ба озмун
Акс аз бойгонии шахсӣ

“Хеле шодам, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам ва бо ин ифтихор дорам, - гуфт ӯ дар мусоҳибаи “Азия-Плюс”. - Озмун ба ман хеле писанд омад. Замаи духтарон боистеъдоданд. Аз шиносоӣ бо иштирокдорон аз кишварҳои дигар хеле хушҳолам. Умедворам, ки минбаъд низ робитаву дӯстии мо идома меёбад”.

Шаҳзода Султонбоева
Акс аз бойгонии шахсӣ

Ба гуфтаи ӯ, "озмун ба ҳамаи онҳо имкон дод, то ба тамоми ҷаҳониён нишон диҳанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ ҳеҷ гуна маҳдудият монеа шуда наметавонад”.

Дар ватан Шаҳзода маҳфили рақс барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ дорад. Маҳфил дар чаҳорчӯби лоиҳае, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, ташкил гардида, шиори “Ба худат бовар карда, ба дигарон нишон деҳ”-ро сармашқи кори худ қарор додааст.

“Гурӯҳ аз 6 нафар духтарони маъюб иборат аст. Ҳамаи мо дар аробачаҳои маъюбӣ мерақсем. Ба ҷуз 6 нафар узви доимии маҳфил, боз 6-7 нафари дигар, ки машғули рақсанд, назди мо меоянд, лекин дар саҳнаҳо ҳунарнамоӣ намекунанд, - мегӯяд Шаҳзода. -  Мутаассифона, бархе аз волидон муқобили рақси духтаронашон, намоиш додани онҳо дар телевизион ё интернет мебошанд. Вале ба ҳар ҳол, ман духтаронро ба наздамон барои омӯзиши рақс даъват мекунам, зеро ин муфид аст, ба кас рӯҳу тавони тоза мебахшад”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.