Маҳсули эҷоди коргардони тоҷик Зайнулобиддини Мӯсо дар Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само” беҳтарин дониста шуд.

“Дуғоб” дар бахши “Филми кӯтоҳи достонии хориҷӣ” сазовори ҷоизаи асосӣ гардид. Муаллифи ин филмнома нависандаи шинохтаи тоҷик Сорбон мебошад.

Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, дар ҷашнвораи имсола беш аз 30 филми ҳунарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Лубнон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистн, Покистон, Олмон, Туркия, Канада, Ҳиндустон ва Дания ширкат варзиданд. Ҳакамони ҷашнвора ба забону муҳтавои филм, аҳамияти мавзуъ ва назокати тасвир диққат доданд, то ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат кунад.

Имсол 11-умин давраи Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само” давоми се рӯз дар шаҳри Стокҳолми Шветсия ҷараён гирифт. Филми “Дуғоб” бори нахуст дар ҷашнвораи хориҷ аз кишвар иштирок карда, пирӯз шуд. Муҳтавои онро коргардон Зайнулобиддини Мӯсо ба “Asia-Plus” чунин шарҳ дод:

“Филм дар бораи марзи одамгарӣ қисса мекунад, ки аз он набояд берун шуд. Эҳтироми анъана ва эътиқодоти динӣ набояд болотар аз ҳиссиёти инсонӣ ва меҳрубонию накӯкорӣ гузошта шавад”.

“Қаҳрамонони асосии филм як хонум ва писари панҷсолаи ӯ мебошанд. Дар деҳаи онҳо сохтмони ҷӯйи калон ҷараён дорад. Зан азоби сохтмончиёнро дида, мехоҳад барои онҳо дуғоби миллӣ тайёр кунад, ки номи филм баргирифта аз он аст. Хонум дуғобро ба писараш медиҳад, то ба сохтмончиён барад. Воқеа аз он шурӯъ мешавад, ки як коргар аз нӯшидани дуғоб худдорӣ карда, инро ба дастони ифлос ва хатнатӯй нашудани писарбача рабт медиҳад. Кӯдакони хиёбон ҳам бо ӯ бозӣ намекунанд. Писарак ба модараш шикоят мебарад. Модар мехоҳад ду ангуштарии худро фурӯшад, то фарзандашро хатнатӯй кунад... Нуқтаи авҷи филм ва гиреҳкушоии қазияро зимни тамошои он дармеёбед”, - гуфт коргардон.

Зайнулобидини Мӯсо хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси “Коргардони театр ва синамо” мебошад. Дар киностудияи “Тоҷикфилм” аз соли 1991 кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси ёвари наворбардори филмҳои Бахтиёр Худоназаров оғоз кардааст. Ӯ шогирди филмбардори касбӣ Георгий Дзалаев мебошад. Дар ҷараёни фаъолияти худ даҳҳо филм ба навор гирифтааст. Ҳамчунин коргардон-таҳиягари 2 филм аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.