Намоиши “Қорӣ ишкамба”-и театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова дар VI-умин фестивали байнулмилалии “Северные встречи” (Вохӯриҳои шимолӣ) иштирок мекунад.

Ҳунарпешаи театри мазкур Фарҳод Ғаффорпур ба Asia-Plus хабар дод, ки ин фестивал аз 24 то 27-уми октябр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор мешавад.

“Ин сафари дуюми намоиши “Қорӣ ишкамба” ба хориҷ аз кишвар мебошад. Бори аввал мо дар ҳамоиши театрҳои хиёбонӣ дар Қирғизистон ҳунарнамоӣ карда будем. Сипас моро ба фестивали “Северные встречи” даъват карданд, ки ин боиси ифтихор аст. Мо дар ҷашнвораҳо танҳо барои худро нишон додан ва ғолиб омадан иштирок намекунем, балки аз таҷрибаи театрҳои дигар низ баҳравар мешавем”, - иброз дошт ӯ.

Фарҳод Ғаффорпур тоҷикони дар он шаҳр иқоматдоштаро ба тамошои спектакл даъват кард.

“Қорӣ ишкамба” дар театри шаҳрии драмавии Нижневартовск ба забони русӣ 25-уми октябр, соати 14:00 намоиш дода мешавад”, - афзуд ҳунарпеша.

Қобили зикр аст, ки намоиши “Қорӣ ишкамба” аз рӯйи асари Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” ба саҳна гузошта шуда, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Тасвир аз торнамои teatrikonibodom.tj

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.