Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ба Вазорати кишоварзии ҶТ  57 адад компютер, 57 адад принтер ва 57 адад USB модем барои пайвастшавӣ ба интернет дар доираи лоиҳаи тақвият додани иқтидори институтсионалии вазорат, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ  карда мешавад, таҳвил дод.

Вазорати кишоварзӣ таҷҳизоти мазкурро ба раёсатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳо баҳри мусоидат ба ҷамъоварии иттилоот дар саҳро, ки ба коршиносони соҳаи кишоварзӣ имкони беҳтари низоми таҳлил ва ҳисоботдиҳиро фароҳам меорад, дастрас хоҳад кард.

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мураккаб ба шумор рафта, дорои иқтидори бузург мебошад ва ҳамзамон ба ворид кардани технологияҳои наву инноватсионӣ ниёз дорад. Истифодаи компютерҳо ба рушди тамоми занҷираи истеҳсолию фурӯшии соҳаи кишоварзӣ, сар карда аз истеҳсолот то истеъмолкунандаи ниҳоӣ, афзоиши самаранокии истеҳсолот, коркард, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва интиқол, фурӯши чакана ва истеъмол метавонад мусоидат кунад.

Мукаммалсозии дастрасӣ ба иттилоот ва маълумоти босифат барои фаъолияти кишоварзӣ ба қабули беҳтари қарорҳо ва рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард. Масалан, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ба деҳқонон имкон медиҳад, кишти мувофиқро ба нақша гиранд, зироатҳоро барои кишт муайян созанд ва дар бораи бозор маълумот гиранд.

Суръати мубодилаи иттилоот байни агробизнес ва вазорат афзоиш меёбад. Ин раванд имкон медиҳад, ки ба эҳтиёҷоти деҳқонон саривақт вокуниш нишон дода шавад ва ё ҳангоми паҳншавии бемориҳо ва ҳашароти зараррасон нақшаи бартарафсозии онҳо таҳия гардад.

“Таҷҳизоти компютерӣ дар соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад, - гуфт  Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. - Соҳаи кишоварзӣ ба технологияҳои замонавӣ вобастагии зиёд дорад ва ин ҳарчӣ бештар зоҳир мешавад. Барои иштирок ва қабули қарорҳои асоснок дар ин соҳа шахсони мутасаддӣ бояд имкони ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро дошта бошанд”.

Ҳар як марҳилаи занҷираи истеҳсолоти маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳам алоқаманданд ва ба таври хеле мураккаб амал мекунанд. Маҳз дар ҳамин масъала компютерҳо ва барномаҳои ба онҳо марбута ба кор меоянд, ки соҳаи кишоварзиро дар нақшаҳои дарозмуддат хеле самаранок ва судманд, даромаднок ва устувор месозанд.

“Таҷҳизоти компютерии ба интернет пайвастшуда ба шарикони мо имкон медиҳад, дар бораи усулу технологияҳое бохабар шаванд, ки дар ФАО ва дигар шарикони сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ мавҷуданд, мониторинги маълумоти муҳими бозорро гузаронанд ва барои қабули қарорҳои беҳтар дигар маълумотро истифода кунанд, - афзуд Гучгелдиев. - Ҳамин тавр ин иқдом бояд ба истифодаи беҳтари захираҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои истеҳсолию амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад”.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати такмили малакаи техникии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ барои иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалӣ ҳамкории дерина дорад. Соҳаҳои муштараки ҳамкорӣ масъалаҳои марбут ба ислоҳоти институтсионалӣ ва таҳкими иқтидори Вазорати кишоварзӣ, истифодаи модели шарикии хусусӣ-давлатӣ оид ба ислоҳоти корхонаҳои воҳиди давлатӣ, таҷрибаи амалисозии маҷмӯи ислоҳот дар 4 минтақаи лоиҳа, таҳияи сиёсат ва стратегияро дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.