Пойгоҳи эъломияҳо дар бораи даромад ва амволи мансабдорони Русия “Декларатор” харитаи амволи ғайриманқули мансабдорони русро дар хориҷа таҳия кардааст. Дар он беш аз 6 ҳазор иншоот дар 75 кишвар зикр шудааст.

“Бо таҳлили маълумоти зиёда аз 270 ҳазор эъломия коршиносони “Декларатор” ба хулосае омаданд, ки амволи ғайриманқул аз ҳама бештар дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Тоҷикистон ҷойгир шудааст”, - қайд мешавад дар торнамои “Декларатор”.

Гуфта мешавад, ба даҳгонаи аввал ҳамагӣ се кишвари “хориҷи дур” шомил гардидаанд.

Тибқи маълумоти “Декларатор”, пешсафии кишварҳои пасошӯравӣ дар ин самтро низомиён таъмин мекунанд.


Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ба хизматчиёни давлатии Тоҷикистон кушодани суратҳисоб дар бонкҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва пасандоз кардани маблағу чизҳои гаронбаҳо дар онҳо манъ аст. Ба ҷуз ин, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба харидории амволи ғайриманқул дар қаламрави кишварҳои дигар ҳуқуқ надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.