Шаҳрванди Тоҷикистон Чоршанбе Аловатови 22-сола дар озмуни шахсони боистеъдоди Central Asia's Got Talent ғолиб омад.

Дар рақобат барои дарёфти зинаи аввал 12 довталаб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, шоҳҷоиза (гран-при) насиби Чоршанбе Аловатов гардид. Ба ӯ ҳамчунин барои пирӯзӣ 10 000 000 танга (25,5 ҳазор доллар) мукофотпулӣ тақдим шуд.

Дирӯз дар даври ниҳоӣ дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон ӯ ҳайати ҳакамонро тасхир ва ба овозҳои аз ҳама бештари бинандагон соҳиб шуд.

Қаблан Чоршанбе Аловатов таронаи маъруфи овозхони саршиноси тоҷик Муборакшо Мирзошоев таҳти унвони “Акрамҷон”-ро иҷро кард.

Шоуи телевизионии Central Asia’s Got Talent дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain's Got Talent ("Бритониё истеъдод меҷӯяд") роҳандозӣ шудааст.

Барномаҳо бо чунин тарз дар беш аз 70 кишвари саросари ҷаҳон наворбардорӣ мешаванд. Got Talent ҳамчун муваффақтарини реалити-шоу (шоуи воқеӣ) дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст.

Чоршанбе Аловатов дар меҳмонии барномаи “Набзи рӯз”-и радиои “Азия-Плюс”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.