Адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд. Ҳайатро Шоири халқии Ӯзбекистон, раиси Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Саид роҳбарӣ мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, адибони ҳар ду кишвар дар чорабиниҳо ба муносибати хотираи Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоири халқӣ Эркин Воҳидов иштирок мекунанд.

Ҷаласаи асосӣ бо ҳузури адибони тоҷику ӯзбек рӯзи 27-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ташаббуси баргузории як силсила чорабиниҳо бахшида ба хотираи Эркин Воҳидов аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Ба иттилои манбаъ, моҳи майи соли равон бо ибтикори адибони ӯзбек бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар шаҳри Тошканд як силсила чорабиниҳо доир гардид.

Адибони Ӯзбекистон ният доранд, ки дар Душанбе ва шаҳру навоҳии гирду атрофи пойтахт шомҳои назми ӯзбек баргузор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.