Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон аз надоштани мутахассисони баландхтисоси касбӣ ва омодасозии кадрҳои пастсифат дар донишгоҳу донишкадаҳо изҳори нигаронӣ кард.
“Айни ҳол мо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омадагӣ мебинем. Бисёр лоиҳаҳое дорем, ки симои шаҳру деҳоти моро зебо гардонида метавонанд. На он қадар хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Мо муттахассисону меъморони сатҳи баланди касбӣ бениҳоят кам дорем. Агар дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат имрӯз чунин сатҳи пасти тайёр кардани кадрҳо бошад, беҳтарин истеъдодҳои ҷавонро интихоб карда, ба кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ фиристодан ва онҳоро тарбия карданамон зарур аст”, - гуфт сарвари давлат.
Ӯ ҳамчунин аз сокинони кишвар даъват ба амал овард, то манзилҳои худро азнавсозӣ ё таъмир кунанд: “Ҷашни Истиқлолият танҳо аз соҳибкорону сохторҳои қудратӣ ва давлатӣ нест, балки аз кулли мардуми Тоҷикистон аст. Халқи Тоҷикистон давлатро ташкил медиҳад. Ҳар як оила хонаву дари худро ба тартиб дарорем, обод кунем, таъмир кунем”.
Раисҷумҳур афзуд: “Танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст”.
Бо истифода аз фурсат ӯ ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон изҳори сипос кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста