Дар робита бо баргузории корҳои таъмир дар шабакаи қубурҳои обгузар қисмати марказии шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмир интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулов, инчунин ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин ва Теҳрон  аз соати 23-00 рӯзи 21 январи соли 2020 то соати 24-00 рӯзи 22 январ қатъ мешавад.

Ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори КВД «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳо бо истифодааз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.