АНОНС

- Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ШСХК “Барқи тоҷик”, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ баргузор мешаванд.

- Дар Гӯшаи Амрико дар Душанбе (кӯч. Мирзо Турсунзода, 49) бахшида ба Рӯзи байнулмилалии занон ва духтарон дар илм чорабинӣ доир мегардад. Оғоз соати 15:00.


ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

Сурат: Tiroz.org

1 доллари ИМА – 9.6931 сомонӣ;

1 евро – 10.6159 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1509 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Маросими барафрохтани парчами Тоҷикистон дар деҳаи олимпӣ дар Ванкувер.

2010 — Чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Афғонистон ба садама дучор шуда,4 нафар аъзои ҳайати сарнишинони чархбол, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ ҳалок шуданд.

1915 — Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов.

1942 — Зодрӯзи нависанда Софияи Носир.

1950 — Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саид Қурбонов.

1960 — Зодрӯзи журналист Раҳмон Гулзор.

1969 — Мавлуди ходими давлатии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар Ҷопон имрӯз Рӯзи таъсиси давлат шуморида мешавад - рӯзи сари тахт омадани аввалин императори Ҷопон — Ҷимму (Jimmu).

1RRE

211 сол пеш ба аввалин киштӣ (пароход) патент дода шуд. Амрикоӣ Роберт Фултон аввалин киштии “Клермонт”-ро сохта, ба бору мусофиркашонӣ оғоз кард.


323 сол пеш Пётри I бо фармони махсус фурӯши тамокуро дар Русия иҷоза дод. Ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим то ҳол Пётрро барои ин фармонаш бахшида наметавонанд, чунки бар ин назаранд, ки маҳз бо ҳамин фармон тамокукашӣ дар Русия оммавӣ гардид.

Ин ҷо дастуре бароятон таҳия шудааст, ки дар он пиромуни дар куҷо манъ будани тамокукашӣ дар Тоҷикистон ва ҷазои пешбинишуда барои он маълумот дода мешавад.


ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон,барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят шабона 21-26 хунук (дар мавзеи Булункӯл то 31-33° хунук), рӯзона 6-11° хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 15-17° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъҳе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.