Сарояндаи маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова дар консерт ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок карда, бо сарулибоси ҳарбӣ таронаи “Зебост Тоҷикистон”-ро сароид.

Шеъри ин тарона аз Низом Қосим буда, қаблан он дар иҷрои овозхони шинохта Саидқул Билолов садо медод.

Дар ин консерт, ки рӯзи 22-юми феврал баргузор шуд, дигар сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик низ ширкат варзиданд.

Сурат аз Инстаграми Нозияи Кароматулло (дар байн)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.