Тоҷикистон тадбирҳои назоратро дар марз бо Афғонистон пурзӯр кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода хабар дод.
“Дар Афғонистон аллакай далелҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, ин маълумотро дирӯз, 24-уми феврал ба мо тасдиқ карданд, - изҳор дошт Камолзода. - Аз ин рӯ, тасмим гирфтем, ки назоратро дар убури сарҳад бо Афғонистон пурзӯр кунем”.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо дар бораи пурра баста шудани сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон сухан намеравад.
“Кормандони мо айни замон дар сарҳад буда, вазъ он ҷо зери назорат аст. Барои пешгирии вуруди коронавирус ба кишвар тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байнулмилалӣ бо мақомоти марбутаи ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ дорем”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, аз 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз 1-уми феврал дар Тоҷикистон ба карантин гирифта шужанд, то имрӯз 882 нафар ба хонаҳояшон ҷавоб гардиданд.
Аз шумори умумӣ 266 нафар, аз ҷумла, шахсоне, ки рӯзи 11-уми феврал бо ҳавопаймо аз шаҳри Ухани Чин оварда шуданд, дар муассисаҳои тиббӣ боқӣ монданд. Шояд онҳо низ пагоҳ аз беморхона рухсатӣ шаванд.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
“Он шаҳрвандоне, ки дар карантин буданд, ягон аломати бемории мазкурро надоштанд. Онҳо пурра аз ташхис гузашта, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд”, - қайд кард муовини вазир.
Камолзода зикр кард, ки байни афроди дар карантин қарордошта шахсоне ҳам буданд, ки ҳарораташон баланд мешуд.
“Бархе аз шаҳрвандони дар карантин қарордошта ҳарорати баланд доштанд. Ҳамаи ташхиси онҳоро мо ҷиҳати санҷиши сирояти коронавирус ба Маскав мефиристем”, - афзуд Камолзода.
Ёдрас мекунем, ки аз 24-уми феврал Тоҷикистон иртиботи ҳавоиро бо Эрон қатъ кард. Дар Эрон бар асари сирояти коронавирус аллакай 8 нафар ҷон бохтанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Ӯзбекистон бо сабаби ошкор шудани коронавирус дар Афғонистон, шояд сарҳадашро бо ин кишвар бандад.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол дар харитаи коронавирус, ки ҳамарӯза аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маълумоташ навсозӣ мешавад, зикр нагардидаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Дар Душанбе “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёд мешавад
“Агар аз ту ёд ояд...” Таҷлили 75-солагии Муқаддас Набиева дар Душанбе
Бинои маъмурии боғи марказии ноҳияи Муъминободро оташ задаанд. Гумонбар дар кофтуков аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста