12 нафар тоҷикистониён, ки рӯзи 1-уми март аз Сеул ба Тошканд омаданд, ба карантини дуҳафтаина гирифта шуданд. Дар ин бора Kursiv.kz бо истинод ба манбаъи худ дар Агентии  беҳдошти санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Ин тасмим ба пешгирии паҳншавии COVID-2019 дар Ӯзбекистон вобаста аст.

Ин маълумотро дар хадамоти матбуоти Uzbekistan Airways низ тасдиқ кардаанд. Бино ба иттилои ширкати ҳавопаймоӣ, 253 нафар мусофирон аз Сеул ба Тошканд омаданд. Аз ин шумор 178 нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон ва боқимонда 75 нафар хориҷиён будаанд, ки 22 кас аз онҳо тариқи транзит ба дигар кишварҳо сафар доштанд.

Ҳамаи ӯзбекистониҳо ва хориҷиёни дар кишвар боқимонда, аз ҷумла, 29 русиягӣ, 18 шаҳрванди Қазоқистон, 12 шаҳрванди Тоҷикистон, 2 шаҳрванди Қирғизистон ва як мусофир аз Ҳиндустон ба карантини дуҳафтаина гирифта шуданд.

Қаблан дар Ӯзбекистон шаҳрвандони аз Чин воридшуда ба карантин гирифта шуда, ҳамаи онҳо аллакай ҷавоб гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.