Дар Тоҷикистон шоирони ҷавоне, ки шеъри баланд гуфта метавонанд, бисёранд, вале нависандагони ҷавон ангуштшуморанд.

“Азия-Плюс” сабабҳои инро аз нависандагону рӯзноманигорони тоҷик пурсон шуд. 

Адибони ҷавон дастгирӣ надоранд

Рӯзноманигор ва нависанда Толибшоҳи Давлат мегӯяд, ки имрӯз дар муҳити адабии кишвар нависандагони ҷавон нестанд, агар бошанд ҳам, ӯ онҳоро намешиносад. Номбурда сабаби майл надоштани ҷавононро ба вазъи душвори иқтисодӣ, беқадрии адабиёт, ҳунар, фарҳанг ва маънавият дар ҷомеа марбут медонад.

“Сабаби нарустани адибони ҷавон он аст, ки дастгирӣ надоранд. Ягон маҳфиле нест, ки онҳоро фаро хонад, чакидаҳои хомаашонро (агар дошта бошанд) таҳлил ва баррасӣ намояд. Инчунин ягон нависандаи номваре нест, ки ақаллан ба хотири адабиёт ин корро ба роҳ монад”, - гила мекунад Толибшоҳи Давлат.
Толибшоҳи Давлат
Акс аз бойгонии шахсӣ

Ба қавли ӯ, ҳоло дастгирӣ ба адибони калонсолтар ҳам ба назар намерасад. Худи ӯ се-чор китобе дорад, ки бо сабаби набудани шароити молӣ онҳоро чоп карда наметавонад. Ҳол он ки як повести ба мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ бахшидааш дар ду озмуни Осиёи Марказӣ – “Новеллазия” ва OCABF (Open Central Asia Book Festival-2014) сазовори ҷойи аввал шудааст.

“Чанд соли охир дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият дорам ва масъули саҳифаи адабии он мебошам. Дар ин муддат мушоҳида кардам, ки нашрия аз ҳисоби нависандагон ду-се муаллифи доимӣ дорад, ки синну соли онҳо ҳам аз панҷоҳ фаротар, ҳатто ба ҳафтод расидааст. Аз ҳисоби ҷавонон ягон матлаби адабӣ, ҳикоя ё қисса ворид намешавад, то ки ба чоп расонем, - мегӯяд Толибшоҳи Давлат ва меафзояд: - Пештар ҷавонони эҷодкор ҳавасмандӣ доштанд, китобҳояшон чоп мешуд, ҳаққи қалам мегирифтанд. Имрӯз чунин ҳавасмандкуниҳо ба назар намерасад”.

Ин ҳамсуҳбати мо тарбия ва кашфи истеъдодҳои ҷавонро вазифаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мешуморад ва ақида дорад, ки дар ин самт кор бояд ҷиддӣ гирифта шавад, вагарна ҳоли адабиёт боз ҳам бадтар мешавад. “Охир, адабиётро ҳам ба наслҳои баъдӣ мерос мондан зарур аст!”, - таъкид дошт ӯ.

Коҳиши таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлат

Аммо ба андешаи адиб ва мунаққиди шинохта Абдуқодири Рустам, наметавон гуфт, ки нависандагони ҷавон тақрибан нестанд ва ё нависандаи ҷавон надорем. Ба қавли ӯ, мафҳуми “ҷавон” дар адабиёт, махсусан дар адабиёти мо, аз “ҷавон” дар зиндагӣ тафовут дорад.

“Мо нависандагони ҷавон дорем, нависандагони ҷавони хуб ҳам дорем, ки Шоҳмансури Шоҳмирзо, Баҳманёр Муродӣ, Фирдавси Аъзам, ки ба ҷуз шоири хуб будан, солҳои охир достонҳои кӯтоҳи мансур низ менависад ва чанде пеш аввалин маҷмуаи ҳикояҳояш ба чоп расиданд, далели ин гуфта аст. Инҳо истеъдоди хуб доранд ва ман умед дорам, бо фаро гирифтани таҷрибаи бештар достону қиссаҳои хубтар ва жарфтар ва ҳунармандонатар эҷод хоҳанд кард. Аммо воқеан, шумори нависандагони ҷавонамон кам аст”, - мегӯяд ӯ.
Абдуқодири Рустам
Аксбардор: Исфандиёри Одина

“Сабабҳои ин амрро ман қабл аз ҳама аз коҳиши таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлат ба адабиёти бадеӣ, тақлили шумораи хонандагон медонам. Кори нависандагӣ хеле заҳматталаб аст ва ҷавоне, ки дар замони мо ба нависандагӣ даст мезанад, медонад, ки бояд тақрибан аз баҳри зиндагии шахсиаш бигзарад. Ҳоло барои навиштаи ӯ на танҳо ҳаққи қалам намедиҳанд, балки вай маҷбур аст, пул пайдо бикунаду китоби худро бо шумораи андаке чоп бикунад ва боз чанд сол интизор бимонад, ки хонанда китобашро бихарад ва ӯ пули барои чоп сарфкардаашро ба даст оварад. Бадеҳист, ки дар чунин шароит на ҳама ҷавони боистеъдод ҷуръат мекунад, ба ин роҳи махуф пой бимонад”, - изҳор дошт Абдуқодири Рустам.

Ба “ғамхор” аз лиҳози иқтисодӣ фоида намеорад

Яке аз қаламкашони ҷавон – Башир Усмон, ки баъзе ҳикояҳои хурдашро дар нашрияҳо ба чоп расонидааст, мегӯяд, барои он нависандагони ҷавон нисбат ба шоирон камтаранд, ки шеър гуфтан модарзодист ва ба илҳом вобаста аст. Ба назари ӯ, баръакси назм, машғул шудан бо наср мушкилтар аст, зеро заҳмати бештар металабад ва корест, ки ба илҳом камтар алоқаманд мебошад.

“Дар ҳақиқат, ҳоло шумораи нависандагони ҷавон шояд баробари ангуштони як даст набошад. Шахсан, чанд нафарро метавонам ном барам, ки гоҳ-гоҳ ба эҷоди осори насрӣ машғул мешаванд: Фариштаи Назар, Одили Нозир, Баҳманёр Муродӣ. Аз ин миён шояд фаъолтар Баҳманёр бошад, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор мекунад ва имкони нашри ҳикояҳояшро дар рӯзнома ва маҷаллаҳои Иттифоқ дорад. Дигарон аслан фаъолияти журналистӣ доранд ва аҳён-аҳён ягон қисса ё ҳикоя навиштанашон ба ҳамин кори қаламкашӣ вобаста аст, на бештар”, - мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи Башир Усмон, нависандагӣ фаъолияти бонизом аст: “Ҳар гоҳ нависандагони ҷавон ба таври муназзам кор карданро ёд бигиранд, ҳам худашон ва ҳам маҳсули эҷодашон чашмрас хоҳад шуд”.

Ба таъкиди ӯ, нависандагони ҷавон бояд дарёфт ва парвариш карда шаванд. Вале бовар дорад, дар шароити ҳозира касе ба ин таваҷҷуҳ намекунад, зеро корест, ки ба “ғамхор” аз лиҳози иқтисодӣ фоида намеорад.

Ҷавонон тарона менависанд, на ҳикоя

Дар ҳамин ҳол, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод мегӯяд, ҳикоянависӣ ва умуман, машғул шудан ба эҷоди наср кори заҳматталаб аст. Ҳамин аст, ки ҷавонон чандон шавқи нависанда шудан надоранд ва бештар ба шеър рӯ овардаанд.

“Масалан, барои навиштани як ҳикоя баъзан як моҳ ва гоҳо аз ин бештар вақт зарур мешавад. Ҳар касе ин ҳавсаларо надошта бошад, табиист, ки майл ба нависандагӣ намекунад”, - афзуд мудири шуъбаи наср.

Равшан Махсумзод мегӯяд, намояндагони Иттифоқ барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мераванд, вале онҳоеро, ки пайдо мекунанд, аслан тарона менависанд, на ҳикоя.
Равшан Махсумзод
Акс аз бойгонии шахсӣ

“Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баъзан донишҷӯён ва ҷавононе, ки эҷодкор шудан мехоҳанд, дастнависҳои худро меоранд. Аммо онҳо ба талаботе, ки Иттифоқ дорад, ҷавобгӯ нестанд”, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи наср, дар тӯли 5 соли охир 6 нависанда ба узвияти Иттифоқ пазируфта шудаанд, ки синни онҳо аз сисола фаротар будааст.

Бо вуҷуди ин, номбурда умедвор аст, ки насрнависони ҷавон (ҳарчанд каманд) аз домани наср маҳкамтар медоранду ба эҷод ҷиддитар машғул мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.e