Бо истифода аз мошинҳои обпоши корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар роҳҳои мошингарди тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд.

Дар ин хусус раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши коронавирус (COVID-19) дастур дода буд.

Аллакай дар роҳҳои маркази ноҳияи Кӯшониён ва Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён маҳлули безараргардонӣ омода карда шуда, тавассути мошинҳои обкаш чунин тадбир амалӣ гардид.

Дастур дода шудааст, ки корҳои безараргардонӣ дар роҳҳои нақлиётгард ҳадди ақал ҳафтае ду маротиба анҷом дода шаванд, хабар медиҳад Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Акс аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Ёдовар мешавем, ки то 1-уми апрел дар ҳудуди вилоят 1734 масҷид, 510 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Бохтар, инчунин 424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 934 муассисаи тарбиявию таълимӣ тамиз (дезинфексия) карда шуданд.

Акс аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.