Дар вилояти Суғд тӯли се моҳ коргарони корхона ва ташкилотҳо 15,5 млн сомонӣ камтар маош гирифтанд. Дар ин бора рӯзи душанбе дар ҷаласаи васеи мақомоти прокуратураи вилоят хабар дода шуд.

Аз ҳама зиёдтар – 10,7 млн сомонӣ корхонаҳои шаҳри Гулистон ба коргарон қарздор шудаанд. Ин қарздорӣ дар шаҳри Исфара – 2,5 млн ва дар ноҳияи Ашт – 650 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Вазъи пардохти музди меҳнат зери назорати доимӣ қарор дошта, бо 127 амри прокуратура пардохти 23,8 млн сомонӣ музди меҳнат имконпазир шуд”, - гуфт прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.