Аҳли оилаи сокини 61-солаи ҷамоати Янги Ҳаёти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳабибулло Шодиев, ки аз бемории илтиҳоби шуш фавтид, аз карантин рухсатӣ шуданд.

Уткир Ҳабибуллозода, писари марҳум Шодиев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳамаи онҳо худро хуб ҳис мекунанд.

“Рӯзи 19 апрел 6 нафар ва имрӯз боқимонда 12 нафар аҳли оилаи мо (аз ҷумла, 9 кӯдаки ноболиғ) ҷавоб дода шуданд. Модарам ҳам худро нағз ҳис мекунад. Табибон ба ҳамаамон дар бораи вазъи саломатӣ маълумотнома  доданд. Акнун аз фардо, 21-уми апрел метавонем ба кори худ машғул шавем, фарзандонамон низ ба мактаб мераванд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, ки ҳамаи шахсони бо Шодиев алоқадошта аз беморхона рухсатӣ шудаанд.

“Аз карантин ҳамагӣ 575 нафар ҷавоб дода шуданд, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд. Инҳо шахсоне мебошанд, ки бо Шодиеви фавтида алоқа доштанд – табибон, аҳли оилаи ӯ, беморон дар беморхонае, ки ӯ бистарӣ шуда, фавтид”, - иттилоъ доданд дар Раёсати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, табибону ҳамшираҳои шафқат ва шахсоне, ки таби баланд доштанд, дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд боз як ҳафтаи дигар дар карантин боқӣ мемонанд.

Тибқи маълумоти Раёсати тандурустии вилоят, имрӯз боз 800 нафари дигар дар минтақаҳои карантин қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки пас аз фавти Шодиев хешовандону наздикон ва касонеро, ки бо ӯ алоқа доштанд, барои эҳтиёт ба карантин гирифтанд.

Дар Раёсати тандурустӣ ин қарорро чунин шарҳ доданд: “Гумонбар будем, аз ин рӯ, онҳоро ҷудо кардем. Ғайр аз ин, чанде аз кормандони беморхона таби баланд доштанд. Таби хешовандони Шодиев баланд набуд, вале ба ҳар ҳол, мо тасмим гирифтем, ки онҳоро зери назорат мегирем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.