Шоираи саршиноси тоҷик ва ҳамсари ӯ – шоири маъруф Озарахш, ки дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоти Суғд бистариянд, худро хуб ҳис мекунанд.

Духтари онҳо Шоҳона гуфт, ки модараш комилан шифо ёфта, падараш ҳоло ҳам дар беморхона аст.

“Модарам сиҳат аст, лекин ба беморхона меравад, то ки ҳамроҳи падарам бошад. Падарам ҳам аз дирӯз худро беҳтар ҳис мекунад”, - афзуд Шоҳона.

Ёдрас мекунем, ки шоира Фарзона қариб ду ҳафта дар бемористон бистарӣ буд. Ба қавли табибон, ӯ ба зукоми мавсимӣ гирифтор шуда буд.

“Ӯ ҳар сол зукоми мавсимиро душвор паси сар мекунад. Муддати тӯлонӣ хонанишинӣ карда, ҳатто овозаш ҳам мегирад”, - гуфта буданд пайвандони шоира.

Ҳамсари Фарзона – шоири шинохта Озарахш низ ҳамроҳи ӯ дар бемористон бистарӣ шуда, ба қавли табибон, ба бемории варами роҳҳои нафаскашӣ гирифтор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.