Дар сомонаи расмии ширкати Tcell утоқи инфиродӣ фаъолият дорад. Дар утоқи инфиродӣ, шумо мустақилона хароҷоти худро назорат карда, тафсилот (детализатсия)-ро фармоиш дода, хизматрасониҳои Tcell-ро дар реҷаи воқеъӣ, бе тамос ба маркази хизматрасонӣ идора карда метавонед.

 Утоқи инфиродӣ дастрасӣ ба маълумоти шахсии муштариёнро таъмин мекунад: тарофаи ҷорӣ, хидматрасониҳои пайвастшуда, вазъи тавозун ва тафсилот. Дар ин ҷо ҳама чиро шумо бо ҷузҳояш дида ва назорат карда метавонед, тавозун бештар дар кадом бахш сарф мешавад, кадом хизматрасониро бояд қатъ кард ва аз кадоме истифода бояд бурд.

Истифодаи утоқи инфиродӣ мисли ҳамаи трафик дар сомонаи расмии Tcell комилан ройгон аст! Хуш омадед: https://www.tcell.tj/

Шаффофият ва ҳадди аққали боз будан – яке аз усулҳои аслии фаъолияти Tcell маҳсуб меёбад. Бо кӯмаки утоқи инфиродӣ ҳар як муштарӣ назорат ва идораи “ҳаёти мобилӣ”-и худро дарёфт менамояд. 

Ба ғайр аз ин, утоқи инфиродӣ истифодаи алоқаи мобилиро барои муштариён чанд маротиба осон карда, вақти онҳоро сарфа менамояд. Дар утоқи инфиродӣ шумо метавонед фавран маълумоти шахсиатонро бидуни берун рафтан аз хона пайдо намоед. Ин замима (барнома) барои муштарӣ метавонад як қатор хидматрасониҳои машваратиро, ба монанди хадамоти иттилоотӣ (7070) ва машваратҳо дар марказҳои хизматрасонӣ иваз намояд.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.