Як ҳафта инҷониб дар даромадгоҳи ВМКБ шахсони аз Душанбе омадаро табибон пешвоз мегиранд: таби онҳоро санҷида, ба ҷудо нигаҳдории худ муддати 14 рӯз уҳдадор мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, бо ин шахсон ҳамчунин дар бораи тадбирҳои пешгирии сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

“Ҳарорати бадани шаҳрвандоне, ки аз пойтахт ба вилоят меоянд, санҷида шуда, онҳоро ба ҷудо нигаҳдории худ (худинзиво) ба муҳлати 14 рӯз вазифадор мекунанд ва агар пас аз анҷоми муҳлат аломатҳои беморӣ ошкор нашаванд, онҳо метавонанд ба кор бароянд ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузур дошта бошанд”, - хабар доданд аз ҳукумати вилоят.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар шаҳрвандони аз Душанбе омада таби баланд ё дигар аломатҳои беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Дар Тоҷикистон то имрӯз ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуда, ин тадбирҳои пешгирӣ ба хотири таъмини солимӣ ва некӯаҳволии мардум аст”, - қайд карданд дар ҳукумати вилоят.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди расман дар кишвар ба қайд гирифта нашудани сирояти коронавирус, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тадбирҳои пешгирии сироятёбии аҳолӣ пурзӯр шуда, корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.