То имрӯз дар Тоҷикистон 168 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд.

“Мутаассифона, ҳар сол мо даҳҳо ҳамватанони худ – иштирокчиёни ҷангро талаф медиҳем. Имрӯз дар рӯйхати мо 168 нафар собиқадорони ҷанг зинда сабт шудаанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Алишер Шарифов.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи майи соли 2019 шумори тоҷикистониён – собиқадорони ҷанг 242 нафар ва аввали соли ҷорӣ – 201 нафарро ташкил медод.

“Рақамҳо қариб ҳар рӯз тағйир меёбанд. Тибқи рӯйхати мо, айни замон дар Душанбе 24 нафар, вилояти Суғд – 46, Хатлон – 62, ВМКБ – 2 ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 34 нафар собиқадорони ҷанг зиндагӣ мекунанд. Хурдсолтарин иштирокчии ҷанг 96-сола ва калонсолтарин 108-сола мебошанд”, - иброз дошт Алишер Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор нафар занону мардон сафарбар шуда буданд.

Қобили зикр аст, ки 64 тоҷикистонӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) сазовор дониста шуда, 15 нафари онҳо бо ордени “Шараф” мукофотонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.