Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дастгирии табибон аз буҷети вилоят 3 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, аз ин маблағ 1 млн сомонӣ ба дастгирии кормандони соҳаи тиб ва 2 млн сомонӣ барои таъмини табибон бо либосҳои махсуси тиббӣ равона мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби махсуси маблағгузории чорабиниҳои мубориза бо коронавирус гузаронидааст.

Давоми ду рӯзи истироҳат дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд боз 2 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Рӯзи 2-юми май сокини 61-солаи ҷамоати Ғӯлакандоз (қаблан бемории диабет дошт) Маъруф Дӯстматов ва рӯзи 3-юми май сокини 66-солаи ҷамоати Деҳмой Акбар Актамов (бо таби баланд, сулфа, фишори баланд) вафот карданд.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ музди меҳнати моҳонаи худро ба суратҳисоби мазкур гузаронид. Ҳайати раҳбарии ВКД-и кишвар 50%-и маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб гузарониданд.

Дар ҳамин ҳол, дар бисёре аз вазорату идораҳои Тоҷикистон, бахусус, мансабдорони қаторӣ дар ташвишанд, ки маъракаи гузаронидани маош ба суратҳисоби махсус барои онҳо “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.