“Ман серпул нестам, бо ҳеҷ касе мухолифате надоштам ва бо духтарон ҳам муносибат надорам. Вале ба ман таҳдид мекарданд. Ба фикрам, барои фаъолияти касбиям ба ман дарафтоданд”, - мегӯяд рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Тафсилоти ҳодисаи ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ирсолшуда ба унвони ӯ дар маводи мо.

Шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш, воқеъ дар қарибии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафари ниқобпӯш бе ягон сабаб дарафтоданд.

“Дар наздикии бозори “Корвон” хонаи иҷора дорам. Дирӯз, вақте аз ифтори дӯстон бармегаштам, ба мағоза даромадам. Ҳангоме ки ба даромадгоҳи хонаам наздик шудам, 2 кас ба ман дарафтода, ба латукӯб оғоз карданд. Ман пас аз зарбаи аввал афтода, худамро муҳофизат карданӣ шудам, бинобар ин, чеҳраи онҳоро дида натавонистам. Пас аз овоз баланд карданам яке аз онҳо гурехта, дигарӣ ба латукӯби ман идома дод, вале баъдан ӯ ҳам фирор кард. Ман ба хона даромада, ба роҳбарияти “Азия-Плюс” занг задам”, - мегӯяд Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, аз рафтори ҳамлагарон маълум буд, ки онҳо журналистро мешиносанд ва баргаштани ӯро мунтазир буданд.

“Ягона суоли онҳо ба ман чунин буд: “Кийӣ ту?” Аммо ин суол на барои муайян кардани шахсият буд, балки бештар чунин маъно дошт: “Ту худатро кӣ донистаӣ?”. Ба фикрам, онҳо маро хуб мешинохтанд ва мунтазирам буданд”, - мегӯяд хабарнигор.

Абдуллоҳ қайд кард, ки пас аз ин дарҳол ҳамкорон аз “Азия-Плюс” ҳозир шуда, ӯро ба беморхона бурдаанд. Аммо бо сабаби карантин дар чанде аз муассисаҳои тиббӣ кумаки аввалияро ба ӯ рад кардаанд.

“Дар беморхонаҳои “Истиқлол” ва Қарияи Боло бо сабаби карантин ба ман кумак карда натавонистанд. Танҳо дар Маркази бемориҳои сӯхта маро қабул ва кумак карданд”, - нақл кард Абдуллоҳ.

Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз чанде дар он ҷо кормандони КДАМ ва шуъбаи милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ пайдо шуданд.

“Ҳамроҳи муфаттишон ва кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ (баъдан сардори шуъба ҳам омад) мо ба ҷойи ҳодиса рафтем. Ман ҳамаашро нақл кардам. Маълум шуд, ки ин минтақа ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ тобеъ буда, парвандаро ба онҳо доданд. Дар ин ҷо кормандони зиёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ШВКД ҷамъ омаданд. То соати 3-и субҳ ҳамроҳи кормандони милитсия дар ҷойи ҳодиса будам, ариза навиштам. Кормандони милитсия ваъда доданд, ки ҳамлагаронро дарёфт ва мувофиқи қонун ҷазо медиҳанд”, - иброз дошт журналист.

Субҳи имрӯз Абдуллоҳ ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳияи Рӯдакӣ сабтҳои мушоҳидаи видеоии ҷойи ҳодисаро аз назар гузарониданд.

“Дар мавзеи ҳодиса якчанд камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб шудааст. Мо сабти камераҳои мағозаро дидем, вақте ки аз мағоза мебаромадам, дар қафоям ҳеҷ кас набуд. Камераи дигар дар бинои навсохт маҳз ҳамон ҷоеро сабт мекунад, ки маро латукӯб карданд. Ҳозир мо соҳибони ин иншоотро мунтазирем, то ки сабтҳоро аз назар гузаронем”, - гуфт ӯ.

Абдулло мегӯяд, худро хуб ҳис мекунад.

“Дар сарам чанд захм ҳаст. Як тарафи сар каме варам кардааст. Тахтапуштам, ки лагадкӯб карда буданд, дард мекунад. Дар дасту пойҳоям низ осори лату кӯб ҳаст. Имрӯз ба ташхиси тиббӣ рафта, хулосаи табибонро мегирем”, - гуфт Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Таҳдидҳо барои нашри матолиб ва ибрози андеша

Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, ахиран тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро чандин маротиба таҳдид карда, “хоини ватан” номидаанд.

Рӯзи 13-уми апрел рӯзноманигор бо супориши идора оид ба худдорӣ варзидан аз саломи дастӣ бо ҳамдигар дар шароити хатари коронавирус мавод таҳия кард. Аммо баъд аз нашри ин мавод дар “Азия-Плюс”, бар муқобили он дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видео нашр шуда, Абдуллоҳро “хоини ватан” номиданд.

“Суроға (линк)-и видеоро як шиносам ба ман фиристода, изҳор дошт, ки “фабрикаи ҷавоб” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ман дарафтодааст (https://www.youtube.com/watch?v=U9IuMTDytOQ).

Баъдан яке аз фаъолони “фабрикаи ҷавоб” дар Facebook ба ман тавсия дод, ки ба мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир накарда, навиштаҳои интиқодӣ нашр накунам ва “дуруст рафтор кунам”. Онҳо таҳдид карданд, касеро, ки ба онҳо халал мерасонад, аз пеши роҳашон мегиранд”, - мегӯяд Абдуллоҳ.

Тақрибан баъд аз як ҳафта боз таҳдид садо дод. Радиои Озодӣ дар мавзӯи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт дар чунин шароит назарсанҷӣ гузаронид. Дар он Абдуллоҳ чунин изҳори назар кард, ки риояи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва худдорӣ аз чорабиниҳои оммавиро дуруст мешуморад.

“20-уми апрел як шахси ношинос занг зада, ба таҳдид оғоз кард: “Мо туро ёфта, гап мезанем, ту аз ҳад гузаронда истодаӣ!”. Вақте ман пурсидам, ки “дар куҷо аз ҳад гузаштаам?”, ӯ посух дод, ки дар мусоҳибаи Радиои Озодӣ ман “зидди баргузории ҷашни Рӯзи пойтахт изҳори назар кардаам”. Ҳамчунин ӯ аз наворҳои видеоии ман дар бораи “сарбозшикор” (облава) ёдовар шуд. Дарвоқеъ, ман ба Радиои Озодӣ изҳори назар кардам, лекин ҳеҷ чизи зиёдатие нагуфта, фикри худамро иброз доштам”, - гуфт Абдуллоҳ.


Рӯзи 9-уми май боз шахсони ношинос занг зада, ӯро ба вохӯрӣ даъват карданд. Маълум набуд, ки дар бораи кадом масъала гуфтугӯ карданиянд.

“Ӯ худро Суҳроб ном бурда, гуфт, ки суҳбат кардан лозим аст ва пурсид, дар куҷо вохӯрда метавонем. Ман ба ӯ нишонии мағозаи назди хонаи иҷораамро додам, лекин ӯ ба вохӯрӣ ҳозир нашуд”, - ҳикоят кард Абдуллоҳ.

Вай бар ин назар аст, ки ӯро ба ин тариқ тарсонданиянд, то ки фаъолияти касбиашро қатъ кунад, аммо ӯ аз роҳаш бозпас гаштанӣ нест.

“Агар онҳо фикре дошта бошанд, ки ман тарсончаку даррав сари таслим фуруд меорам, бигзор умедвор нашаванд! Аз онҳо наметарсам ва таслим намешавам, роҳамро давом медиҳам. Ба кори худ – гуфтани ҳақиқат ва баррасии мушкилот идома медиҳам. Ин рисолати касбии ман буда, дар ҳама гуна ҳолат онро иҷро мекунам. Баръакс, акнун фаҳмидам, ки роҳам дуруст буда, сухани ман неру дорад!”, - гуфт Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Идораи “Азия-Плюс” ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунад, ки ин маводи нашршуда ҳамчун дархости расмӣ барои тафтиши ҳамла ба рӯзноманигор баррасӣ шавад.

“Ҳама гуна таҳдид ва зӯроварии чисмониро нисбат ба рӯзноманигорон нораво мешуморем. Бовар карданием, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе барои тафтиши ин ҳодиса ва муҷозоти гунаҳкорон дар чаҳорчӯби қонун ҳамаҷониба кӯшиш мекунанд”, - изҳор дошт сармуҳаррири “Азия-Плюс” Умед Бобохонов.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад. Чанд рӯз пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ иштирок кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.