Роҳбарияти вилояти Суғд дар машварати корӣ оид ба мубориза бо коронавирус, ки рӯзи 11-уми май раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор кард, тавсия дод, ки рафтуомади шаҳрвандон байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар машварати корӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунанд.

“Зеро ҳоло ҳам дар шаҳру деҳоти вилоят сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор доранд, - омадааст дар хабар. - Ё қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба таври зарурӣ риоя намекунанд. Масофаи байни якдигар, ҷамъ наомадан, миқдори зиёди мардум дар нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, рафту омади хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад”.

Гуфта мешавад, дар машварати корӣ тавсия дода шуд, ки байни шаҳру навоҳии вилоят бе зарурат рафтуомади шаҳрвандон кам ва худҳимоякуниву дар хона мондан аз ҷониби аҳолӣ риоя карда шавад.

Дар бораи чӣ гуна ҷорӣ шудани ин тавсияҳо ва бо кадом реҷа амал кардани онҳо маълумот дода намешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то соати 17:30 дақиқаи 11-уми май дар Тоҷикистон 661 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.