Собиқ муовини сарвазири кишвар, собиқ фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Абдураҳмон Азимов шоми 15-уми май аз бемории дил дар синни 70-солагӣ вафот кард.
Маросими ба хок супурдани ҷасади генерал рӯзи 16-уми май баргузор шуд.
Абдураҳмон Азимов 10-уми январи соли 1950 дар Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 1980 ба хизмати ҳарбӣ оғоз кард.
Давоми кор Азимов ба ҳайси корманди Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон, ёвари раиси Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ, раиси Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон (солҳои 1993-1996), котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ифои вазифа кардааст.
Аз соли 1996 то соли 1999 дар мансаби муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ғайр аз ин, Азимов вакили палатаи поёнии парлумон буд ва дар он Кумита оид ба мудофиа ва амниятро сарварӣ мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.