Раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода ба оилаҳои 3 табибе, ки дар давоми 10 рӯзи охир вафот кардаанд, кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонидааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба “Азия-Плюс” хабар доданд, бо супориши раиси ноҳия ба оилаҳои Раҷабалӣ Почоқулов – сардухтури беморхонаи деҳотии ҷамоати Заргар, Маҳмадӣ Тешаев – сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия ва Абдухолиқ Пириев – духтури кӯдаконаи беморхонаи деҳотии ҷамоати Заргар, ки дар 10 рӯзи охир аз бемории “илтиҳоби шуш” фавтидаанд, кумаки ғизоӣ расонида шуд.

Вализода ҳамчунин ваъда кардааст, ки оилаҳои ин табибон дар оянда низ таҳти парастории мақомоти иҷроияи ноҳия хоҳанд буд.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси ноҳияи Кӯшониён маоши 3-моҳаи худро (10,5 ҳазор сомонӣ) ҳамчун иловапулӣ ба 52 нафар табибоне, ки бар зидди COVID-19 мубориза мебаранд, тақсим кардааст.

Дар баробари ин, аз ҳисоби раиси ноҳия ба 30 оилаи шахсони маъюб ва камбизоат кумаки яквақтаина ба маблағи умумии 8,9 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.

Манбаъ илова кард, ки ба ғайр аз маблағҳои озоди раиси ноҳия, ҳамчунин аз ширкатҳо ва шахсони саховатманд кумакҳои моддӣ, доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия ва табибон пешниҳод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.