Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май тавассути қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» кӯмаки дӯстонаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, кӯмаки дӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дарбар мегирад.

Кумаки мазкур барои бартараф кардан оқибатҳои рахнашавии сарбанди обанбори Сардоб дар вилояти Сирдарё равона карда шуд.

Гуфта мешавад, кумаки дӯстонаро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Суғд ва КВД ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон тақдим карданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2 май боронҳои пуршиддат ба рахна шудани сарбанди обанбори Сардоб дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон боис гардида, даҳҳо манзил хароб шуданд. Наздики 90 ҳазор сокинони ноҳия ба макони бехавф кӯчонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.