Дурандеш, нуқтасанҷ, мутахассиси баланд Ҳомиддин Шарипов шахсияте буданд баҳри поя беканор ва озодандеш. Даврони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буданашон беҳисоб кадрҳои соҳаи милисияро бо меҳру муҳаббати беандоза таълиму тарбия карданд ки имрӯзҳо нафароне чанд аз он кадрҳои пешин то рутбаҳои генералӣ расидаанд ва дар мақомоти қудрати обрӯ ва эътибори зиёде касб намудаанд. Шодравон ба тахмин шояд медонистанд, ки кадомин кадр дур мераваду кадоме дар ояндаи дуру наздик ба ҳадафҳои беҳтарин мерасад:

Гарчӣ баҳрам, мавҷи ман бетоб нест,

Бар кафи ман косаи гирдоб нест.

Ҳадафи аз ҳама асосиашон ба фоидаи халқу ватан дар мубориза будан, таълиму тарбияи кадрҳоро ба таври намунавӣ роҳандозӣ намудан, роҳбарони олирутбаи соҳаро ҳама рӯз мақому ҷуръати кори тоза бахшида, аз кори оромӣ ва тинҷии ватанамон ягон лаҳза дар қафлат намондан буд.

Дар маҷмӯъ ҳама гуна ҳадафҳо буданду ба онҳо расиданд, ки метавон гуфт асоси корбарии милитсия дар шароити давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба вуҷуд омад.

Соли 2006 ба паради 15-солагии истиқлолияти давлати Тоҷикистон тайёрӣ медидем. Шабҳо аз қасри Ваҳдат то гузаштан аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ машқҳо идома доштанд. Мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ кушиш мекардем тавре машқ намоем, ки рӯзи ҷашн назди роҳбарони ҷумҳурӣ дар хиҷолат намонем.

Парчам ва шамшерҳои барои намоиш омодашуда дар кохи Ваҳдат ҷойгоҳ дошт. Ҳангоми машқи шабона, ки аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мегузаштем, шодравон Ҳомиддин Шврипов маро аз саф ба наздаш даъват кард. Ман наздашон омада, гузориш додам.


Бояд иброз намуд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шахси низомӣ ҳангоми ҳозир шудан ба назди роҳбар ё шахсе, ки рутбаи баландтар дорад, гузориш дода, худро бо ному насабаш муарифӣ менамояд. Ҳангоми шунидани ному насаби ман, ки он вақт рутбаи капитани милитсияро доштам ва гузориш додам, ки капитани милитсия ба фармони Шумо ҳозир шуд. Вазири муҳтарам эрод гирифта, иброз намуданд, ки парчам ин муқаддасоти миллӣ мебошад, онро баланд бардоштан лозим ва бо забони русӣ гуфтанд, ки  «фамилию не подводи»…..

Ва ҷаноби вазир гуфтанд:

- Парчамро баланду баландтар бардоред!

Эҳтирому қадри фамилияи Шариповро дар ҷояш гузоред!

Зиндаёд доимо бо забони русӣ гап мезаданду бисёр суханҳои зебои дилнавоз мегуфтанд.

Ин ду ҷумла, ки ҳеҷ дар ёдам нест, кадоме аввалину кадом дуюм буд ва бо хитоби падарона гуфта шуд, ҳанӯз дар хотирам мондааст. На танҳо дар хотирам мондааст, балки ҳанӯз гӯё дар гӯшҳоям садо мекунанд. Ин ҳамаро гуфтан ба он маъно аст, ки эҳтиром ва эътибори он кас ҳамчун шахсияти бағоят баланд ва таърихӣ ҳам буданд. Зеро ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ он кас аввалин шуда, рукну раёсатҳои вазорати корҳои дохилиро обод сохтанд. Ин соҳаи муҳимро ришта ба ришта, ҳалқа ба  ҳалқа гӯё аз нав вобаста ба шароитҳои навини Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳё намуданд. Дар маҷмӯъ ахтаре буданд, ки гӯё то ҳануз раҳнамои хурду калони соҳа бошад,

Дар шарорободи ҳастӣ ахтарам,

Хислате бахшад маро хокистарам.

Ба таври бадеъ гӯям, баъди гузаштани ин қадар солҳо шояд аз хитоби ҳамон гуна роҳбарони олирутба парчами Тоҷикистони азиз бояду шояд баланд бардошта шуд.

Давлати мо таҳти роҳбарии Пешвои муазами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷое расид, ки сиёсати он то имрӯз намунаи сиёсати кулли дунёст. Давлати моро имрӯз ҳама дунё мешиносанду мамолики шарқу  қарб, шимолу ҷануб  ҳамагон робитаҳои иқтисодиву сиёсӣ доранд:

Агар сухан аз одаму одамгарӣ ба қадри кадрҳо расидан, дар маҷмӯъ сифатҳои накӯи инсонӣ равад, шодравон Ҳомиддин Шарипов шахсе буданд, ки гӯё ягон душман надоштанд. Агар донанд, ки душманашон кист, ӯро дӯст мегардониданд. Душманӣ ва бадӣ варзиданро дар дигарон мушоҳида кунанд, сахт сарзаниш мекарданд.

Баъди омӯхтану шуниданҳояш зиндаёд  Ҳомиддин Шарипов такягоҳи боэътимоди давлат, ҷонибдори амнияти ҷомеа ва миллат буд. Зиндаёд пуштибони адолату ростӣ ва ҳимоятгари ҳақиқату  адлу инсоф буда, некро аз бад, ростро аз дурӯғ, сиёҳро аз сафед ҷудо мекард.

Ба фикрам, ӯ рисолати таърихии худро сарбаландона адо намуда, дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми шоистае гузошт.

Ба ёд оварданам ба маврид аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интишори китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров чунин навиштааст:

«Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз беш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.

Фаромӯш набояд кард, ки таърих як фазои холӣ нест, балки онро одамони зинда ба вуҷуд меоранд. Вале мо дар бораи абармардони миллатамон маълумоти кофӣ надорем. Вақти он расидааст, ки силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем.

Хушбахтона, дар радифи таърихшиносон дигар кормандон низ ба таҳқиқу ҷамъоварии зиндагиномаи зиндаёд  генерал полковник Ҳомиддин Шарипов ва китоби тозанашри Ҳомиддин Шарипов кори хайреро ба анҷом расониданд.

Китоби «Ҳомиддин Шарипов» таҳқиқот ва ҷустуҷӯи нахустини муаллиф мебошад.

Ба муаллифи ин китоб комёбиҳои кору эҷодӣ таманно дорам ва аз забони устод Лоиқ Шералӣ мегӯям:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.