Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ 50 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҷон бохта буданд, бо нақлиёти автомобилии махсус ба ватан оварда шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, амали хайрхоҳонаи мазкур бо мусоидати ҳамватани саховатпешаи муқими Русия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом ёфт.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳамаи хароҷоти интиқоли ҷасадҳоро як соҳибкори тоҷик ба уҳда гирифта, нахостааст, ки ному насабаш ифшо гардад.

“Ин шаҳрвандони мо аз шаҳру вилояти Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Владимир, Уфа, Хабаровск, вилояти Рязан, Новосибирск ва дигар минтақаҳо мебошанд. Ба ҳамватанонамон, ки дар ин амали хайрхоҳона бо сафорат ҳамкорӣ карда, дар интиқоли 50 ҷасади ҳамавтанон ба ватан кумак карданд, изҳори миннатдорӣ мекунем”, - қайд карданд дар сафорат.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд моҳи ахир бо хатсайрҳои ҳавоии чартерӣ ва нақлиёти заминӣ беш аз 50 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.