Ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе маводи доруворӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ба маблағи умумии 3 млн 900 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.

Аз ҷумла, 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), 100 дастгоҳи ларингоскоп, 160 зарф (баллон)-и кислород, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мураттаб ва бо низом ворид кардани доруворӣ ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва дигар лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ пешниҳод гардид.

1/8

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, лавозимоту таҷҳизоти тиббии дастрасшуда дар муассисаҳои табобатии Раёсати  тандурустии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе захира гардида, дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.