Дар 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи шахсони аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта ҳузур доштанд, сирояти коронавирус ошкор шудааст.
Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда, зери назорат қарор доранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи боэътимод аз бахши тандурустии вилоят хабар дод.
“Қобили зикр аст, ки аломатҳои бемории COVID-19 дар онҳо ба мушоҳида намерасад. Худро хуб ҳис мекунанд, чизе ташвишашон намедиҳад, лекин натиҷаи ташхисашон мусбат аст. Ин мардони синни 30-36-сола мебошанд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки беморхонаи вилоятии Суғд ҷиҳати гузаштан ба реҷаи пешинаи фаъолият ва қабули муқаррарии беморон омодагӣ мегирифт ва дар шуъбаи эҳёгарии он ҳамагӣ 1 бемори COVID-19 боқӣ монда буд.
“Боқимонда 620 нафари баргашта, ки бо сироятёфтагон алоқа доштанд, дар беморхонаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ва боз се беморхонаи дигари вилоятӣ зери муоина гирифта шуданд. Қариб 100-200 нафарашон аз тест гузашта, ин 30 нафар бемор ошкор шуданд. Аз дигарон ҳам ҳоло тест мегиранд. Дар ҳама ҳолат онҳо ба карантин гирифта мешаванд”, - қайд кард манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми июн 553 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби баста будани сарҳадҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и Қазоқистон қарор доштанд, ба ватан оварда шуданд. Боз зиёда аз 100 нафар ҳамватанонамон тариқи гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” аз Ӯзбекистон ба ватан баргардонида шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста