Гурӯҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар доираи як ибтикори шаҳрвандӣ дар давраи коронавирус аз тариқи шабакаи Facebook маблағ ҷамъ оварда, барои Беморхонаи марказии ноҳия мошини “Ёрии таъҷилӣ” хариданд.
Яке аз масъулони ин ибтикори шаҳрвандӣ Иршод Сулаймонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар маҷмӯъ ин гурӯҳ аз 16-уми май то кунун барои Беморхонаи марказӣ, ҳамаи бунгоҳҳои тиббии ноҳия ва марказҳои саломатӣ ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ ёрӣ расониданд.
Вай афзуд, ки дар гурӯҳи фейсбукии марбут ба зодагони Ванҷ эълони ҷамъоварии маблағро нашр карданд. Дар давоми ду ҳафта наздик ба 60 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст.
Баъдан бархе аз соҳибкорони зодани ноҳия, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, ба ин ибтикор ҳамроҳ шудаанд. Аз ҷумла, хонаводаи соҳибкорон Хушаковҳо аз вилояти Твери Русия барои Беморхонаи ноҳия ва ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ ба маблағи 250 ҳазор рубли русӣ 300 либоси муҳофизатии бисёрмасрафа ва 3 ҳазор ниқоби тиббӣ фиристоданд.
Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, бо ин маблағ як мошини Ёрии таъҷилӣ, мошини ҷомашӯйӣ, доруҳои зарурӣ ва дигар маводи тиббӣ хариданд. Ҳамчунин барои бархе аз табибоне, ки ба муолиҷаи беморони COVID-19 машғул буданд, ёрии пулӣ низ расонида шудааст.
Инчунин хонаводаи Хушаковҳо барои Беморхонаи Рӯшон 100 либоси муҳофизатӣ ва 3 ҳазор ниқоби тиббӣ ҳам фиристоданд. Ин ёриҳоро масъулони ибтикори шаҳрвандӣ ба Беморхонаи марказӣ ва бунгоҳҳоии тиббии ноҳия бурда расониданд.
Барфи зиёд: роҳи Душанбе-Хуҷанд барои бархе мошинҳо баста шуд
Дар Тоҷикистон ниме аз корхонаҳои сабтиномшуда кор намекунанд: сабаб чист?
Даъвати Лоиҳаи Фонди тоҷикистонии Оғохон ба озмуни фурӯши трансформатор
Рустами Эмомалӣ мехоҳад дар Душанбе ярмаркаҳои доимӣ ташкил кунад
То Наврӯз дар Хуҷанд макони нави истироҳат сохта мешавад
Нигарониҳои Файзов аз вазъи маориф ва озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ" дар ВМКБ
Вазорати мудофиа: “Қонуни нави хизмат коррупсияро зимни даъват аз байн мебарад”
Кадом рӯзҳо ва бо чанд пул метавон аз Душанбе ба Тошканд парвоз кард?
Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ
Тоҷикистону Эрон барои такмили нақби “Истиқлол” дигарбора ба тавофуқ расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста