Дар интернет мо бо маводҳое дучор меоем, ки бо сарлавҳаҳои дурахшон, ҷаззоб, бофтаю дурӯғ ва риққатовар, суратҳои ҷолиб моро «маҷбур мекунанд» ба сомонаю саҳифаҳои гуногун ворид шавем. Ин метод аз ҷониби ширкатҳои рекламавӣ барои пешбурди тадбирҳои таблиғотии ғайриҳирфаӣ ё барои зиёд кардани шумори хонандагони сомона истифода мешаванд. Инро дар интернет «Кликбейт» мегӯянд.

Кликбейт (аз калимаи анг. click "ангушт задан" bait "дом") як истилоҳи таҳқиромез аст, ки муҳтавои веб-ро тавсиф мекунад ва ҳадафи он ба даст овардани даромад аз онлайн - реклама, бахусус бар зарари сифат ва саҳеҳияти иттилоот мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо даромад ҳадафи асосӣ набуда, балки ин роҳ ё воситаи осон барои зиёд кардани шумораи кликҳо ва ташвиқи паҳнкунии мавод дар интернет, алахусус шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд.

Мақсади он на беҳтару ҷолиб пешкаш кардани маъно, балки ҷалби бештари корбарон ба саҳифа аст. Сарлавҳаҳои «кликбейтӣ» одатан моҳияти сабаби иттилоотиро нодида гирифта, ба дурӯғ роҳ медиҳанд.

Кликбейт инчунин метавонад ҳамчун воситаи паҳн кардани нармафзорҳои зараровар хидмат кунад.

Аломатҳои тавсифии кликбейт:

Сарлавҳаизебо ва ҳузнангез

Созандагони кликбейт асосан аз сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда ё ғамгинкунанда истифода карда, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро маҷбур мекунанд, то онро пахш намуда ба суроғаи мехостаи онҳо ворид шаванд.

Ҷонишинҳои ишоратӣ

Дар “Кликбейт” бештари вақт аз ҷонишинҳои ишоратии “ана ин”, “ин”, ва “инҳо” истифода мекунанд. Онҳо бо ин роҳ бо хонанда эҳсоси муколамаро эҷод мекунанд, ки гӯё ба ягон чизи аҷиб ишора мекунад.

Муроҷиат бо “ту”

Дар сомонаҳое, ки аз кликбейт бештар истифода мекунанд ба хонандагон бо “ту” муроҷиат мекунанд, на ба “Шумо”. Бо ин роҳ онҳо бо хонанда сӯҳбати дӯстона эҷод мекунанд.

Ихтилофи назар

Сарлавҳаи кликбейти одатан аз ду ҷумла иборат мебошанд. Ҷумлаи аввали вазъияти муқаррариро тавсиф мекунад ва ҷумлаи дуввум бошад ба гардиши ғайричашмдошт ишора карда, дар хонанда ҳисси кунҷкобиро бедор бедор мекунад.

Аломатҳои ғайримуқаррарӣ:

Сомонаҳое, ки аз кликбейт истифода мекунанд, аксари вақт аз аломатҳои ғайримуқаррарӣ ба монанди нуқтаҳои зиёд, аломатҳои савол ва хитобро ба кор мебаранд. Истифодаи ин гуна аломатҳо завқу шавқи хонандаро барои хондани мавод бедор мекунанд ва онҳо ба линки додашуда ворид мешаванд.

Фаровонии тавсифҳо

Тавсифи фаровон -  яке аз қоидаҳои асосии кликбейт ба ҳисоб меравад. Созандагони кликбейт кӯшиш мекунанд, то қаҳрамонони рӯйдоду хабарҳои худро ҳарчӣ бештар тасвир кунанд. Тасвири равшани хабару гузориш таваҷҷӯҳи хонандаро бештар ҷалб мекунад.

Муболиға

Истифода аз муболиғаҳои доимӣ, ки хонандаро ба ҳайрат меорад, яке аз хусусиятҳои кликбейт ба ҳисоб меравад. Асосан дар сарлавҳаҳо ибораҳои "Шумо бовар намекунед!", "Шумо ҳеҷ гоҳ нафаҳмидаед ..." ва ғайраро истифода мебаранд. Ин муболиғаҳо хонандагонро водор мекунанд, ки барои мутолиаи мавод ба линк ворид шаванд.

Фразеология

Муаллифони сарлавҳаҳои кликбейтӣ аз воҳидҳои фразеологӣ, ибораҳо аз нутқи ҳамарӯза ё кӯчагӣ, ки дар байни мардум ба таври васеъ истифода мешаванд,худдорӣ намекунанд. Ин роҳи дигарест, ки байни хонанда ва сомонафазои эътимодро ба вуҷуд меорад.

Истифодаи рақамҳо дар сарлавҳа

Одамон рӯйхатҳоро дӯст медоранд, чун бинобар доштани сохтор хондани онҳо осон аст. Рақам дар сарлавҳа ба хонанда аз чӣ гуна тартиб доштани матн мегӯяд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” омода шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook  ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!