Дар давраи пандемияи коронавирус 49 корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва ходимони дини ҷудогона бемор шуданд.

Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки як ходими дин аз ноҳияи Ашт аз бемории шохаҳои роҳи нафаскашӣ (бронхит) фавтидааст.

“Сабаби асосии сироятёбӣ он аст, ки ходимони дин қоидаҳои зиддиэпидемиологии аз ҷониби Вазорати тандурстӣ тавсияшударо риоя накарданд, - гуфт Давлатзода. - Ҳангоми маросими гӯронидани шахс ва баъд аз он дар хонаҳои фавтидагон маъмулан дуову фотиҳа хонда мешавад. Ин кор дар издиҳоми одамон хонда мешуд. Аз ин рӯ, ҳам худашон сироят ёфтанду ҳам аз онҳо дигарон сироят ёфта метавонистанд”.

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз огоҳиҳои Кумита дар бораи дар як ҷой ҷамъ нашудани издиҳоми одамон, онҳо барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи марҳум рафта, қоидаҳои бехатариро дар ҳамин ҳол риоя намекунанд.

Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода
Asia-Plus

Давлатзода тавсия дод, ки маросимҳои гурӯ чӯб бо иштироки шумораи камтари одамон гузаронида шавад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки маросими ҷанозаро ҳатман дар масҷид гузаронидан шарт нест: “Дар ҳавлӣ ва кӯча ҳам иҷозат дода шуда, муҳимаш ҷой тозаву пок бошад”, - афзуд ӯ.

Дар робита ба масъалаи баргузории тӯйҳои хонадоршавӣ, ки то чанде қабл манъ буданд, Давлатзода зикр кард, ки “дар давраи пандемия ба даъвати 100-150 нафар меҳмонон ба маросим тавсия дода намешавад”.

“Ба тӯй 20-30 касро даъват кунед. Беҳтараш маҳсулоти хӯроквории барои тӯй харидаро ба ҳамсояҳо ва камбизоатон тақсим кунед”, - гуфт Давлатзода.

Намоз дар хона

“Бар асари пандемия намози Иди Қурбонро рӯзи 31-уми июл ҳама дар хона мехонад. “Қурбонии чорво пас аз намози пешин гузаронида мешавад”, - гуфт дар нишасти матбуотӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон
Asia-Plus

Масҷидҳои Тоҷикистон аз 18-уми апрел бастаанд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус баргузории намозҳои дастаҷамъона, намози ҷумъа, намози таровеҳро дар моҳи Рамазон дар масҷидҳо манъ кард. Намози дастаҷамъонаи Иди Рамазон низ баргузор нашуд. Танҳо ба намози ҷаноза ва он ҳам бо иштироки начандон одамони зиёд иҷоза шуд.

Ҳанӯз рӯзи 4-уми март Шӯрои уламо ба сокинони кишвар тавсия дод, ки ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд.

Шурӯъ аз 20-уми март Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони кишвар метавонанд дар масҷидҳо намоз гузоранд, лекин баъд аз як моҳ боз онҳоро баст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.