“Айни замон танҳо 65%-и аҳолии Тоҷикистон ба телевизиони рақамӣ дастрасӣ дошта, боқимонда 35% алҳол чунин имкон надоранд”, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 22 июл раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуриддин Саид.
Ба гуфтаи раиси Кумита, имсол дар Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизион - яке дар бораи илму табиат ва дигарӣ доир ба ҳунарҳои мардумӣ боз мешавад, ки аввалаш моҳҳои наздик ва дуюмаш охири сол ба фаъолият оғоз мекунад.
“Айни замон дар Тоҷикистон 13 шабакаи телевизиони давлатӣ, 35 шабакаи телевизиони хусусӣ (12 ноқилӣ (кабелӣ) ва 2 ТВ IP), 10 шабакаи радиои давлатӣ, 23 радиои хусусӣ ва 14 студияи таҳияи маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд”, - гуфт ӯ.
Нуриддин Саид инчунин хабар дод, ки пандемияи коронавирус ба кори шабакаҳои телевизион ва радио тағйирот ворид кард.
“Пандемия ба ҳаёт ва фаъолияти бисёре аз кормандони мо душвориҳо пеш овард. Мутассифона, як ҳамкорамонро аз даст дода, чандеи дигар сироят ёфтанд. Кумита ба онҳо маводи доруворӣ ва кумакпулӣ дод”, - қайд кард ӯ.
Зимнан зикр шуд, ки “барои таҳияи барномаҳои хубу дилписанд дар шабакаҳои телевизиону радиои ҷумҳурӣ ҳамаҷониба тадбирҳо андешида мешаванд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.