“Ҳарчанд наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон замони паҳншавии сирояти коронавирус дар минтақаи хавфи баланд қарор гирифта буданд, метавон гуфт, ки аз пандемия эмин монданд”, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мазкур Рустам Назарзода.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони Кумита зиёда аз 4 ҳазор нафар тоҷикистониёнро, ки аз хориҷа ба ватан баргаштаву ба карантин гирифта шуда буданд, ҳамроҳӣ намуда, дар маросими гӯронидани шаҳрвандони аз вирус сироятёфта иштирок карданд.

“Хушбахтона, миёни наҷотбахшони тоҷик касе аз сирояти COVID-19 нафавтидааст. Ҳафт нафар кормандонамон, ки дар рухсатӣ аз сирояти коронавирус бемор шуданд, то имрӯз комилан шифо ёфтанд”, - гуфт Назарзода.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи сарбозону афсарони нерӯҳои Кумита аз коронавирус ташхис супорида, ҳамаи тестҳо натиҷаи манфӣ доданд.

“Бо итминон гуфта метавонам, ки  имрӯз Кумита ба таври кофӣ имкону воситаҳо дорад, то ки кормандони худро аз сирояти коронавирус ҳимоя кунад”, - илова кард ӯ.

Гузориши видеоии муфассал аз ҷараёни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.